(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altНишасти 143-юмини маҳфили илмиву адабии «Ганҷи сухан», ки ин навбат баргузории он бо санаи фараҳафзо - таҷлили Рӯзи Рӯдакӣ тавъам омад, дар толори китобхонаи илмии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон  бо иштироки бештар аз 150 нафар донишмандону адибон, устодони донишгоҳҳо, донишҷӯён ва ихлосмандони каломи бадеъ ҷараён гирифт. Қабл аз маҳфил намоиши китобҳо бахшида ба ҳаёт ва фаъолияти асосгузори адабиёти тоҷик Одамушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва асарҳои марбут ба забон ва таърихи он , инчунин дастовардҳои илмиву таълимии устодони ДДҲБСТ ба маърази тамошо ва баҳрабардорӣ гузошта шуд. Маҳфилро масъули он номзади илмҳои филология, адабиётшинос Саидумрон Саидов ифтитоҳ бахшида, тазаккур дод бузургдошти Рӯдакӣ ва забони модарӣ аз вазифаҳои муқаддаси ҳар як нафар сокини ватандӯст аст. «Ганҷи сухан» дар рӯзи Рӯдакӣ Ба қавли Пешвои миллат, ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Забони шеъри Рӯдакӣ забони меъёр ва забони адабии мост, ки онро бо гузашти қариб дувоздаҳ аср мо имрӯз низ истифода мебарем ва бо шеъри Рӯдакӣ ҳар рӯз сухан мегӯем. Яъне забони Рӯдакӣ забони зиндаи халқи тоҷик аст ва бузургиву ҳашамати шоири мутафаккир низ дар ҳамин нукта баён мегардад, ки гӯё шеъри Рӯдакӣ дар замони мо суруда шуда бошад”.
Сипас назди ҳозирин мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси  вилояти  Суғд  Тоҷибой Султонзода перомуни мавзӯи  «Рӯзи Рӯдакӣ  ва арҷгузорӣ ба забони тоҷикӣ» маърӯзаи илмии пурмуҳтаво намуд. Ҳамзамон вай ҳозиринро бо Рӯзи Рӯдакӣ аз номи Раиси вилояти Суғд мӯҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ муборак намуда,ба кори маҳфил барор таманно кард. Дар бахши  навгониҳои  илмиву адабӣ ва фарҳангӣ бошад ҳозирин гузориши муфассали директори китобхонаи илмии ДДҲБСТ Дилрабо Салимоваро шуниданд.Ӯ гуфт, ки имрӯз беш аз 30 ҳазор китоб дар китобхонаи мазкур маҳфуз буда, на танҳо устодону донишқӯёни донишгоҳ балки муштариён берун аз донишгоҳ низ аз ин махзани бебаҳо истифода мебаранд. Гузашта аз ин мавҷудияти китобхонаи электронӣ ва пайванд будани он бо шабакаи интернетӣ шуморааи хонандагони китобхонаро афзудааст. Муждаи тозае, ки дар маҳфил ба самъи ҳозирин расид нашри китоби нав бо  номи “ Рӯдакии ҷаҳонсолор” мебошад, ки ба қалами шодравон олими номвар Карим Абдулов тааллуқ дорад. Аз суханронии Зебоҷон Абдулова – фарзанди ин олими шинохтаву зиндаёд, маълум гардид, ки баъди чанд соли вафоти профессор Карим Абдулов нусхаи ягонаи ин асар дарёфт шуда аз ҷониби фарзандонашон нашр гардид. «Рӯдакии ҷаҳонсолор» - аз силсилаи китобҳои «Дар ин дунё» буда муаллиф бо назари дигар ба осори шоир баҳо додааст. Як бахши мавзӯи маърӯзаҳо ба истиқболи Рӯзи забон бахшида шуда буд, ки ба қарибӣ таҷлил мешавад.Дар маҳфили навбатӣ дар такя ба ин мавзӯи муҳим мудири кафедраи усули таълими забони тоҷикии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров, дотсент Муҳаббат Тиллохӯҷаева таҳти унвони  «Пешвои миллат- Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати забон дар Тоҷикистон» андешаронӣ намуд. Махсусан дар мавриди китоби тозанашри Сарвари давлат”Забони миллат-ҳастии миллат”андешаҳои ҷолиби илмиро ироа кард. Зикр шуд, ки китоби мазкур тадқиқоти доманадор ва бунёдӣ буда, роҳнамои пуразише барои муҳаққиқон мебошад.
Намояндаи ройзании фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар шаҳри Хуҷанд Масъуди Аҳмадванд дар мавзӯи “Рӯдакӣ падари шеъри форсӣ” сӯҳбати ҷолиби илмӣ намуда, Одамушуароро асосгузори адабиёти форсизабони дунё номбар кард.
Раиси Шӯрои уламои дини вилояти Суғд, номзади илмҳои филология Ҳоҷиҳусайн Мӯсозода тибқи пажӯҳишоти  хеш дар заминаи ашъор, сеҳри каломи мавзун ва шевои  шоирии сардафтари адабиёти классикии тоҷик, устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо самимияту муҳаббат ҳарф зада, аз ашъори хеш дар ситоиши ин устоди беназир шеърҳо қироат карданд.
Ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих, профессор Ҷ.Ҷӯразода таҳти мавзӯи «Забони тоҷикӣ дар масири таърих» маърӯза намуд. Дар маърӯза оид ба таърихи дури пайдоиш ва инкишофи забон сухан рафт. Аз ҷумла оид ба мардуми ориёӣ ва забони онҳо, давраҳои таърихӣ ва даврабандии таърихи забони тоҷикӣ нуктаҳои муҳим иброз гардид. Ҷ. Ҷӯразода дар ин самт оид  ба хидмати бузурги Пешвои миллат бо китоби “Забони миллат-ҳастии миллат” ёд кард ва хондани онро махсусан  барои ҷавонон муҳим шуморид. Баъди маърӯза Ҷамшед Ҷӯразода оид  ба эҳтимоми академик Носирҷон Салимӣ ҳадя гардидани беш аз 500 адад китобҳои нодиру таърихӣ ба захираи китобхонаи илмии ДДҲБСТ ба ҳозирин иттилоъ дод ва сипосмандии раёсати донишгоҳро ба унвони эшон баён кард. Ҳамзамон, дар маҳфили илмӣ - адабӣ шоири тозанигоҳу навовар Баҳроми Раҳматзод аз ашъори ба тозагӣ эҷод намудаи хеш намунаҳоро манзури  ҳамагон намуд. Қироати  ашъори ноби устод Рӯдакӣ аз ҷониби донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, садо додани суруду таронаҳои дилангези ҳофизи  хушовоз Самеъҷон Машарифов хотирмон буданд, ки  мавриди истиқболи гарми ҳозирин гаштанд.