(3 овоз, миёна 2.00 аз 5)

Аёдати кӯдакони ятим аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд.Тибқи дастуру супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Презденти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, ташкилоту сохторҳои мухталиф шахсони яккаву танҳо, бесарпаноҳмонда ва нафарони эҳтиёҷмандро аёдат намуда ба онҳо кӯмаки якктаи моддӣ дастрас намуданд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз дар арафаи Иди Қурбон ба хонаводаи чанде шахсони барӯманд, яккаву танҳо ва ятимони кулл рафт.
Мулоқоту сӯҳбати Раиси шаҳри Хуҷанд бо Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ,  Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд Ҳамроҳ Тоҳирова ва собиқадори дигари меҳнат Раиси Ҷураева, ки синни онҳо бештар аз 80 аст чун ҳарвақта гарму самимӣ буд. Шарифзода Шариф Файз баробари табрикоти самимӣ аз ҳолу саломатии онҳо пурсон шуда, аз шароити зисти онҳо пурсон шуд. Пирони рӯзгордида барои таваҷҷӯҳу кӯмаки пайваста ба Пешвои миллат изҳори сипосмандӣ намуда шукри даврони имрӯзаро намуданд.
Баъдан Раиси шаҳри Хуҷанд ба аёдати 4 нафар кӯдакони 13,9 6 ва 4 солаи оилаи Раҳимовҳо омад, ки бо амри тақдир бинобар вафоти бармаҳали падару модарашон ятим мондаанд. Кӯдакон айни замон дар парастории модаркалони худ буда, бо кӯмаки хайрхоҳон ба шароити мувофиқ таъминанд. Шарифзода Шариф Файз ба онҳо кӯмаки яквақтинаи моддӣ ва пулӣ расонда пайвандони ин ятимонро бо Иди Қурбон табрик намуд. Чунин кӯмаки моддию пулӣ ба Машҳура ва Мунира Муъминоваҳо низ ҳангоми аёдати Раиси шаҳри Хуҷанд супорида шуд.