(0 овоз, миёна 0 аз 5)

«Дави миллӣ» бо иштироки 12 ҳазор нафар дар шаҳри Хуҷанд.Тибқи иҷрои нақшаи чорабиниҳо оид ба ташкил ва баргузории озмунҳо, мусобикахо ва чорабиниҳои фарҳангӣ бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ки аз ҷониби Роҳбари Дастгоҳи ичроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Макомоти ичроияи хокимияти давлатии шахри Хуҷанд ва Бахши чавонон, варзиш ва сайёхӣ тасдиқ гардидааст, субҳи имрӯз дар назди маҷмаи фаввораҳои муҷассамаи Исмоили Сомонии шаҳри Хуҷанд чорабинии оммавии «Дави миллӣ» баргузор гашт. Дар қисмати ифтитоҳии он дар назди ҳозирон Раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз ва сардори Раёсати ҷавонон , варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд Зариф Мирдадо иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ин чорабинии оммавӣ бештар аз 12 ҳазор сокинони синну сол ва касбу кори гуногуни маркази вилоятро ба ҳам овард.