(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Намоиш-озмуни ҳунармандонБахшида ба 25 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чойхонаи «Нури аҷам» озмуни шаҳрии «Нони  гарми меҳнатиро дида мемолам ба чашм», «Қанноди беҳтарин» ва «Оши палав» баргузор гардид.
Дар саҳни чойхона 10 нафар палавпазону 6 нафар қаннодон ва 8 нафар нонвойҳо маҳсули дастранҷи хешро ба маърази тамошо ва баррасии ҳайати ҳакамот гузоштанд.
Аз намоиш Раиси шаҳр Шарифзода  Шариф Файз дидан карда, фикру мулоҳизаҳри худро роҷеъ ба рушд додани ҳунарҳои қадимаву мусоир баён дошт.
Ба иштирокчиёни озмун хусусан ҳунари волои нонвойҳои шаҳр хеле писанд омад. Намуди нонҳо «фатир»-у «ҷаззадор», «мантуча»-ву «қоқфатир», «самарқандӣ»-ву «офтобак» ва ниҳоят «Наврузӣ»-ву  «Лочира» ҷамъ 30 намуд бо маҳорати баланди касбӣ пухта шуда буданд, ки диққати ҳар бинандаро бахуд мекашид. Боиси тазаккур аст, ки танҳо нонвойҳои нонвойхонаи «Панҷшанбе» 14 намуди нонҳои гуногун ва қаннодони коргоҳи қаннодии «Афсона» аз 50 намуди маҳсулоти худ 25 намудашро ба озмун пешниҳод карда буданд.
Ниҳоятан ҳайати ҳакамот ғолибони озмунро муайян намуд. Дар бахши палавпазӣ ҳунармандони чойхонаи «Сирдарё», қаннодӣ коргоҳи қаннодии «Афсона» ва нонвойӣ нонпазони нонвойхонаи «Панҷшанбе» ғолиб омаданд.
Қабл аз супоридани Диплому Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравии МИҲД шаҳр мири шаҳр Шарифзода Шариф Файз ба сухан баромада зикр дошт, ки озмуни мазкур барои эҳёи ҳунарҳои қадима мусоидат хоҳад кард.
-Имрӯз ман дар озмун бори аввал нони алафиро дидам, ки ин аз ҳунари волои нонвойҳои мо шаҳодат медиҳад. Агар замони шӯравӣ нонҳои Самарқанд дар Осиёи Марказӣ шӯҳрати хоса дошта бошанд, имрӯз нонвойҳои хуҷандӣ бо дастранҷи хеш ин шӯҳратро ба даст овардаанд.
Дар қисмати фарҳангии намоиш-озмун Ҳунарманди халқии Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷӯрабек Муродов, бародарон Ҳилолиддин ва Аловиддин Шамсиевҳо, овозхони шинохта Шарифмуҳаммад Ниёзов ва ансамбли рақсии мардонаи «Парниён» таҳти роҳбарии раққоси ҷавон Қобилҷон Бобоев  бо суруду тарона ва рақсҳои ҷолиби хеш чорабиниро шукӯҳу шаҳомати тоза бахшиданд.