(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Маҷаллаи “Паёми Суғд” меҳмони “Ганҷи сухан”Бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нишасти 142-умини маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан”, дар толори Кохи матбуот баргузор гардид, ки дар он олимон, адибон, чеҳраҳои маъруфи илму адаб, мухлисони каломи бадеъ  ширкат варзиданд.Ин дафъа дар маҳфил вазъи имрӯзаи маҷаллаи вилоятии “Паёми суғд”мавриди баррасӣ қарор гирифт. Сарвари маҳфил Саидумрон Саидов ҳозиринро хайрамақдам гуфт ва иброз дошт минбаъд дар нишастҳои маҳфил оид ба бурду бохти расонаҳои фарҳангиву адабӣ баҳсҳои илмӣ баргузор намуда, дар дар тарғиботи адабиёту илм саҳми бештаре хоҳем гузошт. Сипас дар мавзӯи  “Паёми Суғд” дар даврони истиқлолият” сармуҳаррири маҷаллаи “Паёми Суғд” Толиб Карими Озарахш маърӯза намуда, оид ба бурду бохти маҷалла изҳори назар намуд ва изҳори умедворӣ кард, ки бо пешниҳоду дархостҳои аҳли нишаст сифати маҷалла минбаъд беҳтар хоҳад шуд. Дар бахши “Навгониҳои илмиву адабӣ ва фарҳангӣ.” Иззатбек Шехимов , корманди Муассисаи Давлатии Маркази илмии “ ва Камоли Хуҷандӣ” ҳозиринро бо китобҳои наву навгониҳои фарҳангиву адабӣ ошно кард. Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона дар суханронии пурмӯҳтавои худ доир ба мавъӯи  Ватан ва ватандорӣ андешаҳои ҷолиб ва арзишмадеро ироа намуд, ки аҳли нишаст бо мароқи зиёд гӯш карданд.
Сипас назари мутахассисон ба мундариҷа ва мӯҳтавои маҷаллаи “Паёми Суғд баён гардид. Аз ҷумла дар мавзӯи“ Назм дар маҷалла” Баҳром Раҳматзод, корманди Муассисаи Давлатии “Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ” ,- “Наср дар маҷалла,” Исломҷон Раҳимов,  номзади илмҳои филология, сардори шӯъбаи табъу нашри ДДҲБСТ, “Мақолаҳои илмиву публистистӣ“, Субҳони Аъзамзод, номзади илмҳои филология, мудири кафедраи адабиёти муосири тоҷики ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров  суханронӣ карданд. Андешаҳо ва пешниҳоду дархост оид ба дурнамои “Паёми Суғд” аз ҷониби олимон ва адибон Усмонҷон Ғаффоров, Анвар Олим, Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода ва чанди дигар баён гардид. Шоира Маҳваш аз ашъори тозаи хеш қироат намуд. Сарояндаглн Ҳасан Камол ва Самеъҷон Машарифов бо сурудҳои дилнавоз хотири аҳли нишастро шод карданд.