(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Рӯзи фарҳанги Хуҷанд дар Боғи КамолДавоми чанд моҳи охир ҷиҳати иҷроиши Қарори Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ дар Маҷмаи таърихию фарҳангии ба номи К. Хуҷандӣ, рӯзҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд баргузорр гардид. Тибқи нақшаи тасдиқгардида шоми якшанбе, санаи 7 август дар ниҳоят Рӯзи фарҳанги шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.
Ин шом садои мутантани карнай бошандагон ва меҳмонони шаҳрро барои таҷлили чорабинии «Рӯзи фарҳанги Хуҷанд дар Боғи Камол» даъват кард.
Боғи Камол ба назари мо аз ҳаррӯза дида он рӯз назарработару дилфиребтар менамуд.
Дар ин чорабинӣ шахсиятҳои бузурги шаҳр-улмову удабо ва фузало шуаро ширкат карданд. Чорабинӣ бо тановули оши плави хуҷандӣ дар чойхонаи ба номи Камол оғоз ёфт. Рӯзи фарҳанги Хуҷанд дар Боғи Камол Баъдан, роҳбарияти шаҳр дар шахси раиси шаҳр Шарифзода Шариф Файз ва нмояндагони МИҲД вилоят аз дастовардҳои меҳнаткашони шаҳр, ки дар даромадгоҳи асосии Боғ ба намоиш гузошта шуда буданд, тамошо карданд. Дар ин раста кулли соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр, аз ҷумла саноатчиёну маорифчиён, аҳли фарҳангу ҳунар, гулкорону гилкорон, табибону маорифчиён дастранҷҳои худро ба маърази тамошо гузошта буданд.
Шарифзода Шариф Файз баробари тамошои намоиши дастранҷҳо фикру мулоҳизаҳои худро барои боз ҳам рушд бахшидаи ин ё он намуди соҳаву ҳунар баён медошт. Ба Шарифзода Ш.Ф. ҳамзамон тамошои тарбиятгирандагони боғчаҳои бачагонаи шаҳр ва варзишгарони наврас-боксчиёну бисёрҳарбачиён ва каратэчиён басо писанд омад.
Дар ҳавлии Хоҷа Камол бошад, роҳбарият бо компзоитсияи адабӣ-мусиқии «келинбиёрон» шинос шуд, ки он ҷо сурудҳои қадимаи тӯёнаи «ёр-ёр» ва «нақш» ба таври зинда хонда шуд.
Баъди аёдати марқади шоир Шарифзода Ш.Ф. ва ҳамроҳонаш ба идҷои асосӣ-шгипангҳо омаданд, ки он ҷо саҳнаи идона ороста тақрибан 3 ҳазор тамошобин ҷамъ омада буданд. Меҳмононро аз номи МИҲД шаҳр раиси шаҳр Шарифзода Ш.Ф. хушомадед гуфт. Хуҷандиёнро бо ин санаи фархунда аз номи МИҲД вилоят муовини Раиси вилоят Заробиддин Қудрат муборакбод гуфта, аз сиёсати хирдмандонаву инсондӯстона ва созандаи Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нисбати пешбурди кулли соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар ва дар ин замина баланд бардоштани орбрӯву эътибори Ҷумҳурии соҳибистиқлоламон дар арсаи байналмилалӣ ёдовар шуд.
Дар вазъияти тантанавӣ озмунҳои шаҳрии «Оилаи беҳтарин» ва «Маҳаллаи беҳтарин», ки ба истиқболи 25 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон шудаанд, ҷамъбаст гардид.
Рӯзи фарҳанги Хуҷанд дар Боғи КамолРаиси шаҳр Шарифзода Ш.Ф. ва муовини Раиси вилоят Заробиддин Қудрат дар вазъияти тантанвӣ ба ғолибони «Маҳаллаи беҳтарин»  маҳаллаи «Сирдарё», маҳаллаи «Масҷиди савр» ва маҳаллаи «Чорчароғ», «Хонаи намунавӣ» манзили истиқоматии оилаҳои Турсуновҳо, Саломовҳо ва Ҳомидовҳо инчунин ғолибони шарти «Оилаи беҳтарин» оилаи Файзуллоевҳо, Бузуруковҳо ва Шариповҳо «Диплом» ва мукофотҳои пулиро тақдим намуданд.
Барои ҳозирин композитсияи адабӣ-мусиқӣ ва мардумии ҳунармандони гурӯҳҳои худфаъолияти бадеӣ, истеъдодҳои ҷавон ва ҳунармандони халқӣ тибқи Низомномаи  озмуни вилоятиии «Рӯзҳои фарҳангӣ» манзури ҳозирон гардид.
Садои мусиқиву суруд дар фазои Боғи Камол то дер мутантан садо медод.