(2 овоз, миёна 5.00 аз 5)

alt

Ҳамшаҳриёни азиз!
Хуҷанди куҳану ҳамешаҷавон, ки дар радифи шаҳрҳои Бухорою Самарқанд аз даврони муқаддам то ба имрӯз аз марказҳои машҳури илму фарҳангу тиҷорати Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад, бо иқлими хуш, сокинони ҳунарманду меҳмоннавозаш таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба худ ҷалб менамояд.
Ба шаҳри Хуҷанд, ки бо сифатҳои «тирози ҷаҳон», «арӯси дунё» ном баровардааст, набераи Каюмарси Одам – Ҳушанг асос гузоштааст, ки сарчашмаҳои таърихӣ бар он гувоҳанд. Дар замони шоҳи каёнӣ – Кайқубод ва дар аҳди Дороб Хуҷанд боз ҳам ободу зебо гардидааст. Хуҷанд бо фарзандони бузургаш–мунаҷҷиму риёзидони забардаст, пешвои донишмандон Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ (асри Х), шоиру адибони номвар Собиту Садриддини Хуҷандӣ (асри ХI), Шайх Маслиҳатдин Бадеъуддини Нурӣ (асри ХII), Маҳастии Хуҷандӣ (асри ХII), Зиёуддини Хуҷандӣ (асри ХIII), Хоҷа Камоли Хуҷандӣ (асри ХIV) аллома Бобоҷон Ғафуров, Муҳаммад Осимӣ, Раҳим Ҷалил, Зариф Раҷабов, Солеҳ Раҷабов, шоираи номдори тоҷик Фарзона ва даҳҳои дигар устодони илму адабаш ифтихор дорад.
Аз шаҳри Хуҷанд Шоҳроҳи Бузурги Абрешим убур мекард, ки боиси иртиботи доимӣ бо тамаддуну тиҷорати ҷаҳонӣ ва  рушду нумӯи маънавию иқтисодии щаҳр мегардид.
Маҳз ба шарофати Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, ки мо дар остонаи таҷлили 25-солагии он қарор дорем, пояи бунёди давлати навини миллии тоҷикон, ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ, демократӣ, дунявӣ, мутамаддин ва ҳуқуқасос гузошта шуд.
Аз файзу баракати Истиқлолият, сиёсати созандаю бунёдкорона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо роҳи устувори рушди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва маънавиро пеш гирифта, дар тамоми самтҳои ҳаёти ҷомеа ба дастоварҳои бузург ноил гардида истодаем.
Ба таърихи Хуҷандшаҳр агар назар афканем, он ба қаъри асрҳо мерасад ва бо саҳифаҳои пуршарафу нотакрораш боиси ифтихор ва ибрати мо гардидааст. Дар авроқи рангини таърихи шаҳр  сарнавишт, рӯзгор ва роҳи бузурги тайкарда, анъана ва русуми хоса, бо зарҳал нигошта шудааст.
Имрӯз шаҳри Хуҷанд аз лиҳози мақому нуфуз, иқтидори иқтисодӣ, илмӣ ва фарҳангӣ дар Тоҷикистон дар ҷойи дуюм пас аз пойтахти мамлакат қарор дорад. Нуфузи сокинони шаҳр сол то сол афзуда, то 1- апрели соли 2016 176,0 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.
Имрӯз Хуҷандшаҳр ба сӯи уфуқҳои тозаи рушду нумӯъ қадам мезанад. Бунёди Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, Маҷмааи бошукӯҳи истироҳатию фарҳангӣ ба муносибати 20-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, бо қомат афрохтани пайкараи мӯҳташами бунёдгузори давлати миллии тоҷикон –Амир Исмоили Сомонӣ, ба истифода додани Варзишгоҳи бошукӯҳ барои 25 ҳазор нафар, майдони кушоди теннис, ҳавзи шиноварӣ, Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд», тармиму таҷдиди Кохи Рӯдакӣ ва даҳҳо иншооти дигари иҷтимоию фарҳангӣ самараи истиқлол, мояи ифтихори сокинони Хуҷанд, мардуми вилояти Суғд ва Тоҷикистони азиз мебошад.
Баргузории «Рӯзи фарҳанги шаҳри Хуҷанд дар Маҷмааи фарҳангию таърихии Қалъаи Хуҷанд» ба истиқболи 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон худ шаҳодати он аст, ки  кишвари маҳбуби  мо-Тоҷикистон, вилояти овозадори мо-Суғд, шаҳри ҳамешасабзу ободи мо-Хуҷанд, рӯз ба рӯз, соат ба соат рушд меёбад, бо дастовардҳои беназираш дар ҷаҳони мутамаддин муаррифӣ мегардад ва бо фарзандони вафодору фарзонааш ифтихор дорад.
Ифтихор аз ватану ватандорӣ, хидмат баҳри рушди ватан, мароми ҳамешагии мо, сокинони Хуҷандшаҳр ва Тоҷикистони соҳибистиқлол аст.

Раиси шаҳри Хуҷанд                                        Шариф Шарифзода