(3 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Мулоқоти навбатӣ дар маҳаллаи «Темурмалик»Раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқоти навбатии худро бо сокинони маҳаллаи «Темурмалик» доир намуд.
Дар вохӯрии Раис шаҳр бештар 200 нафар сокинони маҳалла ширкат намуда дар қисмати ифтитоҳии он маълумоти мухтасари Раисии шаҳрро доири дастовардҳои хоҷагии халқи маркази вилоят шуниданд.
Шарифзода Шариф Файз зикр намуд, ки дар қиёс бо солҳои қаблӣ имрӯз бошандагони маҳаллаи мазкур аз набудан ва ё паст будани фишори оби нӯшокӣ танқисӣ намекашанд. Ҳамчунин дар маҳалла 4 кӯдакистон фаъолият дошта, бунёди кӯдакистони панҷум дар марҳилаи анҷомёбист. Шумораи аҳолии маҳаллаи мазкур бештар аз 8 ҳазор буда, дар ҳудуди маҳалла 2500 оила умр ба сар мебаранд. Бештари мардум дар биноҳои баландошёна истиқомат дошта шумораи ин биноҳо 43 ададро ташкил медиҳад.
Сокинони маҳалла аз Раиси шаҳри Хуҷанд  бобати таъмири роҳҳои асосии кӯчаҳои байни биноҳои баландошёнаи маҳалла, таъмиру азнавсозии воситаҳои равшанидиҳандаи кӯчаҳо, бунёди майдончаи варзишӣ ва муқаррар намудану ҷудо намудани   мавзеи махсус барои бозии кӯдакон дархост намуданд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Шарфизода Шариф Файз ба роҳбарони сохторҳои дахлдор супориш дод, ки барои бозбинии вазъи истифодаи заминҳои назди биноҳои баландошёнаи маҳалла комиссияи кории махсус созмон дода, барои ташкили майдончаҳои варзишӣ, ҷойи бозии кӯдакон ва ба ҳолати аввала баргардондани заминҳои ғайриқонуни  истифодашуда чораҳои мушаххас андешанд.