(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Таҷлили Рӯзи наклиётчиён бо иштироки Раиси шаҳр

Имрӯз бахшида ба рӯзи кормандони нақлиёти автомобилӣ дар шаҳри Хуҷанд чорабинии тантанавии кормандони соҳаи нақлиёти автомобилӣ бо иштироки Раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз баргузор гардид. Дар ин ҳамоиши идона кормандон, ранандагон ва маъмурияти муассисаҳои нақлиёти оркашонӣ ва мусофиркашонии маркази вилоят ширкат намуданд.
Дар оғоз Раиси шаҳри Хуҷанд тамоми ҳозирон ва кормандони соҳаро бо иди касбиашон табрик гуфта, изҳори умедворӣ намуд, ки фаъолияти ҳамарӯзаи нақлиётчиён барои рушди ҳамаи соҳаҳо мусоидат менамояд.
«Дар маркази вилояти Суғд шаҳри Хуҷанд соҳаи нақлиёт яке аз самтҳои афзалиятноки хоҷагии халқ маҳсуб ёфта, рушди кулли соҳаҳо ва набзи шаҳрдорӣ бо фаъолияти нақлиётчиён алоқаманд аст. Ин нуктаро ҷомеаҳои меҳнатии муассисаҳои нақлиёти автомобилии боркашону мусофирбар ва албатта, соҳибкорони инфиродӣ, ки бо хизматрасонии нақлиётӣ сарукор доранд, хуб дарк мекунанд.
Ҳамарӯза 846 адад микроавтобус ва 4 адад автобусҳо дар 92 хатсайр дар ҳудуди маркази вилоят ва маҳаллаҳои атрофи он ба сокинону меҳмонони шаҳрамон хизмат мерасонад. ҳаракат мекунанд. Аз оғози сол тавассути ҳамаи намуди воситаҳои нақлиёт 638,4 ҳазор тонна бор ва 21,4 млн. нафар мусофирон кашонда шуданд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли пешина мутаносибан 100,1 ва 110,2 фоизро ташкил медиҳад.
Фаъолияти мӯътадили соҳаи нақлиёт барои натиљаҳои бобарори соҳаҳои хољагии халқ саҳми назаррас мегузорад. Аз ин лиҳоз, мақомоти иљроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба таъмини мунтазами фаъолияти ин соҳа аҳамияти махсус медиҳад.”
Дар интиҳо Раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз ба 29 нафар кормандони фаъоли соҳа “Сипоснома” ва тӯҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷандро такдим намуд.