(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt

Кормандони муассисаҳои нақлиёти автомобилӣ ва кулли алоқамандони соҳаро бо иди касбиашон - Рӯзи коркунони нақлиёти автомобилӣ аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр самимона табрик менамоям.
Дар маркази вилояти Суғд шаҳри Хуҷанд соҳаи нақлиёт яке аз самтҳои афзалиятноки хоҷагии халқ маҳсуб ёфта, рушди кулли соҳаҳо ва набзи шаҳрдорӣ бо фаъолияти нақлиётчиён алоқаманд аст. Ин нуктаро ҷомеаҳои меҳнатии муассисаҳои нақлиёти автомобилии боркашону мусофирбар ва албатта, соҳибкорони инфиродӣ, ки бо хизматрасонии нақлиётӣ сарукор доранд, хуб дарк мекунанд.
Ҳамарӯза 846 адад микроавтобус ва 4 адад автобусҳо дар 92 хатсайр дар ҳудуди маркази вилоят ва маҳаллаҳои атрофи он ба сокинону меҳмонони шаҳрамон  хизмат мерасонад. Аз оғози сол  тавассути ҳамаи намуди воситаҳои нақлиёт 638,4 ҳазор тонна бор ва 21,4 млн. нафар мусофирон кашонда шуданд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли пешина мутаносибан 100,1 ва 110,2 фоизро ташкил медиҳад.
Фаъолияти муътадили соҳаи нақлиёт барои натиљаҳои бобарори соҳаҳои хољагии халқ саҳми назаррас мегузорад. Аз ин лиҳоз, мақомоти иљроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба таъмини мунтазами фаъолияти ин соҳа аҳамияти махсус медиҳад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр барои беҳдошти вазъи соҳа, таҷдиди мошинсаройи муассисаҳои нақлиётӣ, беҳбудӣ бахшидан ба вазъияти роҳҳои мошингард, таъмиру таҷдид ва мумфаршкунии кӯчаҳо табдирҳои мушаххас меандешад. Алҳол дар ҳамкорӣ бо яке аз институти бонуфузи молиявии ҷаҳонӣ,- Бонки Таҷдид ва Рушди Аврупо дар мавриди харидории автобуси мусофиркашонии  ҷавобгӯ ба талаботи муосир тадбирҳои мушаххас роҳандозӣ мешаванд.
Умед ба он мебандем, ки коркунони муассисаҳои нақлиётӣ қатори меҳнаткашони ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ минбаъд низ бо дарки масъулияти том баҳри адои сарбаландонаи вазифаҳои дар наздашон истода ба хотири рушди иқтисодиёти шаҳру вилоят ва мамлакат садоқатмандона меҳнат мекунанд.
Бори дигар нақлиётчиёнро бо иди касбӣ муборакбод намуда, барори кору саодати хонадонашонро орзу мекунам. Барояшон тани сиҳату хотири ҷамъ, рӯзгори ободу осуда ва дар фаъолияти пурмаҳсулашон баҳри пешрафти иқтисодиёти кишвар ва адои хизмати мардум муваффақиятҳо таманно мекунам.
Иди касбӣ муборак бод!

 Раиси шаҳр                                              Шарифзода Шариф Файз