(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Хуҷанд адрасбофи беҳтарини худро муайян намуд.Бо мақсади тарғиби фарҳанги либоси миллӣ, эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, истеҳсоли матои атлас ва адраси тоҷик, дарёфти беҳтарин ҳунармандони ҳунарҳои дастии адрасбофон, бо ҷойи кор таъмин намудани занону духтарон, ба муносибати 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз 8 июли соли 2016, №324 ба имзо расида буд, ки тибқи он озмун-мусобиқаи «Адрасбофи беҳтарин» баргузор гардид.
Ба ин муносибат дар маркази таълимию истеҳсолии ба номи «Зулфия Баҳриддинова» байни 10 нафар хоҳишмандон маҳорати бофандагии худро дар бофтани ин матои қадимаи миллӣ тибқи низомномаи озмун-мусобиқаи «Адрасбофи беҳтарин» санҷиданд. Довталабони ин озмун аз рӯи шартҳои ҳарчӣ бештар бофтани адрас дар давоми як соат, сифати беҳтарини адраси дастӣ, нақши беҳтарин, ҳалли тобиш ва обуранги адраси дастӣ ва адрасбофи беҳтарин аз ҷониби ҳакамон баҳогузорӣ шуданд.
Боқарори якдилонаи аъзоёни ҳакамон Ғолибияти озмун ва соҳиби «Шоҳҷоиза»-ро чун адрасбофи беҳтарин Малаева Фотима ба даст овард. Аз рӯи шарти бофандаи моҳир ҷойи аввалро Файзибоева Лутфӣ соҳиб гардид.  Ҷойҳои дуюмк сеюмро Ҳочинегматова Заррина Каримова Гулсара ба даст оварданд.Аз рӯи шарти «Сифати беҳтарини адраси дастӣ» - ҷойи якум насиби Турсунова Мавҷуда, ҷойи дуюм насиби Олимова Меҳринисо ва ҷойи сеюм бошад насиби Ҳочинегматова Рўҳафзуна гардид.
Дар шарти «Нақши беҳтарин, ҳалли тобиш ва обуранги адраси дастӣ» бошад ғолибият ва мақоми аввалро Ваҳобова Қумрӣ соҳиб гашт. Файзуллоева Мусабеъ ва Искандарова Муҳайё аз рӯи ҳамин шарт мутансибан дар ҷойҳои дуюм сеюм қарор гирифтанд.
Лозим ба қайд аст, ки ғолиби «Шоҳҷоиза» ва адрасбофи беҳтарин – Малаева Фотима ва адрасбоф дар бахши сифати беҳтарини адраси дастӣ- Турсунова Мавҷуда, ҳуқуқи иштирок намуданро дар озмун-мусобиқаи вилоятии «Адрасбофи беҳтарин» аз шаҳри Хуҷанд ба даст оварданд.
Дар интиҳои озмун бо «Сипоснома» ва тўҳфаҳои пулии Раиси шаҳр қадрдонӣ карда шуд.