(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Мусобиқаи варзишии нафарони имконияташон маҳдуд.Дар асоси қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз 13 июли соли 2016, № 329 дар чойхонаи «Сирдарё»-и маркази вилоят мусобиқаи шаҳрӣ оид ба намуди шашкаи русӣ байни мардон ва занҳои ва шоҳмот байни мардони қувваи босираашон суст баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур зиёда аз 20 нафар аъзоёни Ҷамъияти нобиноён иштирок намуда, барои соҳиб гаштан ба макоми аввал донишу малакаи худро санҷиданд.
Мусобиқаи мазкур бо иштироки фаъолонаи дӯсторони ин намуди варзиш доир гашта, дар ниҳоят ғолибонро ҳайати ҳакамон муқаррар намуданд.
Байни занҳо дар мусобиқаи шашкаи русӣ ғолибият насиби Лутфӣ Салимова гардид. Марҳабо Мӯминова ва Қаноат Абдуғаниева ҷойҳои дуюму сеюмро ишғол намуданд. Байни мардҳо аз рӯи ҳамин намуди мусобиқа дар ҷойҳои ифтихорӣ Абдуғафур Алиев, Аскар Қосимов ва Абдулло Мирбобоев мутасносибан қарор гирифтанд.
Мусобиқаи шоҳмотбозон низ ғолибонро аз рӯи ин намуди мусобиқаи интелектуалӣ муайян намуд.
Абдуҳамид Сатторов бозингари беҳтарин байни шоҳмоттбозон муқаррар гардида, ҷойҳои дуюму сеюмро Изатулло Ҷаҳонгиров ва Абдуҳаким Юнусов ишғол намуданд.
Бо қарори ташкилкунандагони мусобиқаии мазкур ба иштирокчии калонсолтарин Абдуқаюм Юнусов тӯҳфаи махсус супорида шуд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз дар қисмати ҷамбастии ин мусобиқа иштирок намуда баробари табрику таманниёти неки неки иштирокдорони чорабинӣ ба ғолибон тӯҳфаҳои хотиравӣ супорид.