(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Мусобиқаи шиновари байни мактабиён шавқовар гузаштДар шаҳри Хуҷанд бо мақсади фарогирии  ҷавонону наврасон ва мактабиёни шаҳр ба чорабиниҳои оммавӣ фарҳангӣ ва фароғатию варзишӣ тибқи нақшаи муштараки Шӯъбаи маориф ва Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ баргузор мегардад.
Яке аз чунин чорабиниҳо дар ҳавзаи шиноварии Муассисаи давлатии «Мактаби варзишии кӯдакон ва наврасони захираҳои олимп»-и шаҳри Хуҷанд баргузор гашт.
Дар ин муассисаи варзишӣ мусобиқаи шаҳри Хуҷанд оид ба шиноварц байни наврасон солҳои таваллудашон 2000-2001 ва 2002-2003 бахшида ба 25 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир  гардид, ки мақсади онро масъулини соҳа дар мустаҳкам намудани дӯстц, ҷалб намудани наврасону ҷавонон ба ин намуди варзиш арзёбӣ менамоянд. Дар мусобиқаи мазкур зиёда аз 100 нафар наврасону ҷавонон иштирок намуданд ва дар натиҷа...

Тарзи озод байни духтарони солҳои таваллудашон 2002-2003:

1.Воҳидова Томирис - м/х Гёте
2.Набиева Заррина - Гимнаияи «Забонҳо»
3.Ҷӯраева Дилноза Литсейи - №1

 Тарзи озод байни писарони солҳои таваллудашон 2000-2001:

1.Матвеев Максим - МТМУ№7
2.Солиев Бахтовар - м/х Файз
3.Саидов Дамир - МТМУ №9

Тарзи озод байни писарони солҳои таваллудашон 2002-2003:

1.Звоников Григорий - МТМУ№9
2.Ахмедов Далер - МТМУ №16
3.Содиқов Алишер - МТМУ№9

Ғолибони чорабинии мазкурро шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд бо медал диплом ва сипоснома қадрдонӣ намуданд.