(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Мулоқоти Раиси шаҳр бо сокинони маҳаллаи «Сирдарё»Дар асоси нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз бо сокинони маҳаллаи «Сирдарё» мулоқоти  навбатии худро доир намуд.
Дар қисмати ифтитоҳии вохӯрӣ Раиси шаҳр доири натиҷаҳою дастовардҳои маркази вилоят маълумоти мухтасар дод. Ҳамчунин аз ҷониби Шарифзода  Шариф Файз қайд гардид,ки агарчанде давоми ду соли сипаригашта бештарр аз 10 кӯчаи маҳалла таъмири гардида бошад ҳам имрӯз барои  боз ҳам ободу зебо гаштани маҳалла, ки яке аз маҳаллаҳои сернуфузи маркази вилоят маҳсуб меёбад, саҳму ширкати фаъолонаи сокинон хеле муҳим аст.
Ҳоло дар маҳалла бештар аз ҳашт ҳазор аҳолӣ ва 700 оила сукунат дошта, дар самти корҳои ободонӣа созандагӣ корҳои зиёдро ба анҷом расондан лозим аст. Дар ҳамин замина Шарифзода Шариф Файз бобати рафии камбудиҳои ҷойдошта дар чанде аз кӯчаҳои ин маҳалла, аз қабили худсарона ишғол намудани замин, аз байн бурдани ҷӯйборҳои мавҷуда, хушкшавии дарахтони кӯча, манзилҳои ба талаботи меъморию шаҳрсозӣ ҷавобгӯ набуда ба сардорони кӯча ва раиси маҳаллаи мазкур дастуру супоришҳо дод.
Аз ҷониби сокинон ба Раиси шаҳри Хуҷанд доири гузоштани аломати роҳ дар кӯчаҳои нақлиётгузари маҳалла, сифати оби нӯшокӣ, чароғункунӣ ва мумфаршкунии   кӯчаҳои маҳалла, азнавсозии яке аз гузарҳои қадимаи шаҳр «Бешкаппа», ки дар ҳудуди маҳаллаи «Сирдарё» қарор дорад, саволу дархост пешниҳод гардид.