(1 овоз, миёна 3.00 аз 5)

Истироҳати бофароғати хонандагони боистеъдод дар лагери «Парвоз»Хонандагони фаъол, боистеъдод ва болаёқати шаҳри Хуҷанд дар басти дуввуми истироҳатгоҳи беруназшаҳрии тобистонаи кӯдакону наврасон - «Парвоз» истироҳат карда, тобистонро хушу хотирмон мегузаронанд. Чанд рӯзе муқаддам маросими ифтитоҳи басти дуввуми истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Парвоз» бо ширкати мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд И. Султонов ва раиси кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маорифи шаҳр Ғ. Дадобоев баргузор гардид. Мудири шуъбаи маорифи шаҳр ба ҳамаи истироҳаткунандагон таътили хушу хотирмон таманно карда, таъкид кард, ки дар басти дуввум хонандагони болаёқат, боистеъдод ва иштирокчиёни олимпадаҳои шаҳрию вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ ба таври ройгон ҷалб карда шудаанд.
Мавриди зикр аст, ки чор хобгоҳи истироҳатгоҳ аз таъмири ҷорӣ бароварда шуда, ҷойи хоби истироҳаткунандагон бо рӯйпушҳои тозаву озода пӯшонида, деворҳои он бо ҳамагуна овезаҳову гуфторҳо, расмҳои кашидаву гулҳои сохташуда ороиш дода шуданд. Истироҳати бофароғати хонандагони боистеъдод дар лагери «Парвоз» Ҳамаи хобгоҳҳо барои қабули кӯдакону наврасон ҳамаҷониба омода карда шудаанд. Барои дар сатҳи баланд омода намудани истироҳатгоҳ, таъмин бо маводи ғизоӣ ва фароғати хонандагон аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳри Хуҷанд 60 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид. Ин имкон дод, ки истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Парвоз» саривақт ҳамаҷониба барои қабули хонандагон омода гардад ва ҳамаи шароит барои дар сатҳи баланд ташкил ва гузаронидани он муҳайё карда шавад.
Лозим ба таъкид аст, ки дар басти дуюми истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Парвоз» 185 нафар толибилмони боистеъдоди муассисаҳои таълимии шаҳр ба истироҳат ҷалб карда шудаанд.

Нуъмон Раҷабзода