(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Мусобиқаи шашкаи русӣ ва шоҳмот байни хонандагони мактабҳои шаҳрТибқи нақша чоарбиниҳои Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва Шӯъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд, санаҳои 8-9 июли соли 2016 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ №9 –и шаҳр мусобиқаи шаҳри Хуҷанд оид ба шашкаи русӣ ва шоҳмот байни писарон ва духтарон, бахшида ба 25 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  баргузор гардид.
Мақсад аз баргузории мусобиқаи мазкур мустаҳкам намудани дӯстӣ, ҷалб намудани ҷавонон ба ин намуди варзиш ва ҷалби наврасону муҳассилини макотиби шаҳр ба варзишу фароғат дар мавсими таътили тобистона мебошад. Дар мусобиқаи мазкур зиёда аз 60 нафар наврасону ҷавонони хоҳишманд аз тамоми мактабҳои маркази вилоят ширкат намуданд.
Натиҷаи ин мусобиқа аз рӯи намуди шашкаи русӣ байни писарон  Абдуҳаким Раҳмоновро аз мактаби таҳсилоти умумии № 20 ғолиби ва соҳиби мукофоти асосӣ муайян намуд. Дар ҷойҳои сеюм ва дуюм бошад Абдукарим Раҳмонов аз мактаби зикргардида ва Саидолим Тоҳиров аз Гимназияи № 1 қарор гирифтанд. Байни духтарон аз рӯи ин намуди мусобиқа ғолибиятро Парвина Мирзошарипова аз мактаби таҳсилоти умумии № 9, ҷойи дуюмро Оминахон Хайруллоӣ аз дабистони № 18 ва мақоми сеюмро Нилуфар Зокирзода ба даст оварданд.
Байни шоҳмотбозони наврас низ мусобиқаи ҷолиб сурат гирифта,    ҷойҳои ифтихориро Комронхон Шавкатзода аз мактаби таҳсилоти умумии № 12 соҳиби мақоми аввал, Даврон Каримов аз мактаби хусусии ба номи Ю. Рустамов соҳиби мақоми дуюм ва Дилшод Каримов аз Гиназияи № 4 мақоми сеюмро ишғол намуданд. Натиҷаи мусобиқаи шоҳмот байни духтарон бо чунин натиҷаҳо ҷамбаст гардид.
Азиза Наҷмиддинова хонандаи мактаби таҳсилоти умумии № 20 соҳиби ҷойи аввал, Нигора Саидбоева толибаи мактаби таҳсилоти умумии № 22 соҳиби ҷойи дуюм ва Дилноза Салимзода толибаи мактаби таҳсилоти умумии № 20 соҳиби ҷойи сеюм гаштанд.
Ғолибоне, ки ҷойҳои I, II ва III ишгол намуданд аз тарафи шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд бо медал диплом ва сипоснома қадрдонӣ карда шуданд.