(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Дар хонаи пиронсолон «Ҳуҷраи варзиш» ташкил карда шуд.

Бахшида ба Иди Фитр ва рӯзи маюбону пиронсолон, ки ҳамасола санаи 8 июль қайд карда мешавад, дар муассисаи давлатии Маркази митақавии пиронсолон ва маюбони шаҳри Хуҷанд чорабинии идона ва хайриявӣ баргузор гардид.
Дар оғози он мудири бахши Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии шаҳри Хуҷанд Камолҷон Комилов, Директори Маҷмаи фарҳангию фароғатӣ ва таърихии «Қалъаи Хуҷанд» Иброҳим Иброҳимов ва директори Китобхонаи оммавии ба номи Т. Асирӣ Абдуғаффор Маллаев ширкат намуда, ҳозиронро бо Иди саиди Фитр табрик намуданд.
Ҳоло дар ин муассисаи иҷтимоӣ 53 нафар шахсони ба парасторӣ ниёзманд истиқомат дошта, ба ғамхории ҳамаҷонибаи мақомоти давлатӣ фарогир ҳастанд. Меҳмонон дар баробари аёдату расондани кӯмаки яквақта ва тӯҳфаҳои идона, ба иттилои бошандагон расонданд, ки дар ин муассиса ҳуҷраи варзишӣ барои ба намудҳои сабуки варзиш машғул шуда ташкил карда шудааст. Ҳамчунин Китобхонаи оммавӣ тасмим гирифтааст, ки як нафар корманди масъули китобхона барои дастрас намудани адабиётҳои бадеӣ ва нашрияҳои даврӣ тибқи дархости бошандагон вазифадор гашта, барои зиёд намудани номгӯю шумораи адабиётҳои дар китобхонаи муассиса мавҷуд буда чораҳои лозима меандешад.
Чорабинӣ бо оростани дастурхони идона ва барномаи фарҳангии ҷолиб ба анҷом расид.