(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Дини мубини Ислом яке аз динҳои тозатарину боадолаттарини рӯи дунёст. Зеро дар он адолати иҷтимоӣ нигоҳ дошта шуда, табақаҳои гуногуни ҷамъиятро бо ҳам муттаҳид месозад. Иди саиди Фитр яке аз ду иди ин дини мубин аст, ки он пас аз анҷоми моҳи шарифи Рамазон таҷлил мегардад. Моҳи шарифи Рамазон дар худ як қатор фазилатҳоро ғунҷониш додааст, ки давоми ин моҳ мардум онро иҷро мекунад. Оид ба фазилатҳои ин моҳи шариф ва таҷлили Иди Фитр пурсиши навбатии сарироҳии мо гузаронида шуд, ки посухҳои сокинон ва меҳмонони Хуҷанди бостониро манзури хонандагони арҷманд месозем.
Дилафрӯзхон Носирова, модари ду фарзанд, соҳибхона:
-Моҳи шарифи Рамазон моҳи мағфирату ибодат, моҳи накӯкориву эҳсон, хайрхоҳиву савобҷӯӣ аст. Бинобар ин, ҳар шахс новобаста аз он, ки ӯ рӯза дошт ва ё на, метавонад то қадри имкон ба шахсони муҳтоҷ дасти ёрӣ дароз намуда, ҳоҷатбарори онҳо бошад. Ин ҷо мехостам як нуктаро қайд созам, ки натанҳо давоми як моҳи Рамазон, балки ин накӯкориҳо бояд тамоми сол давом дода шавад. Новобаста аз он, ки шахс доро аст ва ё бенаво бо сухани хушаш метавонад дилеро ба даст орад, зеро танҳо забони хушу муносибати нек бо инсонҳо метавонад аслиҳаи асосии накӯкориҳо гардад. Махсусан дар ин замони буҳрони иқтисодӣ инсонҳо ба тангдастии худ нигоҳ накарда, бо лутфу меҳрубонӣ амал намоянд, беҳтарин савобкорӣ, хуштарин муносибат ва нектарин хайр ба ҳисоб хоҳад рафт.
Баширхон Саидов, тоҷир:
- Яке аз фазилатҳои олии ин моҳ хайрхоҳиву эҳсонкорӣ мебошад. Дар ин моҳ бори дигар дарк мекунем, ки Худованд то чӣ андоза бандагонашро дӯст медораду барои зиндагии шоистаи онҳо шароит фароҳам месозад. Танҳо дар ин моҳ серон ба қадри гушнагон мерасанд, қадри нону обро аз зар ҳам болотар мемонанд, вагарна дар гирудори зиндагӣ, ҳангоми дороиву пулмастӣ гоҳе худро гум мекунанд ва ғайр аз молу сарват чизеро намебинанд. Тавассути фазилатҳои ин моҳи шариф одам ба қадри одам мерасад. Бенавоёнро бо буридаи ноне шод мекунанду дасти фитодаеро мегиранд ва муҳим аз ҳама назди Парвардигор аз гуноҳҳои содиркардаашон мағфират мепурсанд. {амчунин, шахсони доро барои хуш гузаронидани Иди Фитру дигар рӯзҳои боқимонда ба бечорагон закоти мол медиҳанд, ки он ҳамчун рукни асосии дини Ислом дониста шудааст. Ин вақт адолати иҷтимоӣ баргузор мегардад, яъне чӣ дорову чӣ нодор дар сари хони якхела менишинанду дар ҳаққи халқу давлат ва сарвари он дасти дуо мебардоранд. Фикр мекунам, ки дар ана ҳамин лаҳзаҳо дуоҳо мустаҷоб гардида, мардуми кишвар бо якдилию якмаромӣ аз пайи обод кардани кишвари худ мешаванд.
Моҳира Шерғозиева, корманди маҷаллаи «Тоҷикони ҷаҳон»:
-Аз замони хурдсолиям медонам, ки дар моҳи шарифи Рамазон одамон рӯза медоранд, дасту забони худро аз корҳои ғайримақбул дур медоранд. Аслан маънои рӯзадорӣ низ чунин аст, ки бо гирифтани рӯза одамон забони худро аз лафзи дурӯғу дурушт ва шиками худро аз хӯроку нӯшокӣ боз медоранд, то фурсате тану забон ва руҳашон озод аз ҳама гуна номаҳрамиҳо бошад. Вақте инсон танҳо ба кори хайр андармон мешавад, ба ёдаш ҳам намеояд, ки дар ҷаҳон кори носавобу номақбул арзи ҳастӣ дораду ҷаҳони онҳоро тор месозад. Ин вақт танҳо некиву накӯкорӣ дар рӯи олам ҳукмронӣ хоҳанд кард. Гузашта аз ин, инсонҳо ба кори савоб одат мекунанду ин кори худро тамоми умр давом медиҳанд.
Қаюм Ҳалимов, корманди соҳаи тиб:
-Рӯзадорӣ аз ҳар ҷиҳат ба мардум фоидаовар аст. Зеро паёмбари соҳаи пизишкӣ Абӯалӣ Ибни Сино ҳам фармуда, ки пурхӯрӣ сабабгори сар задани чанд намуди бемориҳо мегардад. Бинобар ин, рӯзадорӣ ба тану ҷон низ фараҳ меораду ҳам аз нигоҳи тиббӣ аз чанд намуди беморӣ эмин медорад.
Зане, ки аз ифшои номаш худдори кард:
-Дар ин моҳи Рамазон касе тавонист рӯза дошт, касе бо сабаби кору фаъолияташ дар ҳавои гарм рӯза нагирифту онро ба таваққуф гузошт. Ва шахсоне ҳам буданд, ки бо сабаби бемории табобатнашаванда фидияи рӯзаашро ба шахсони камбизоат тақдим карданд. Ман низ аз ҳамин қатори одамони кӯтоҳдастам, ки се фарзанди ноболиғ дорам. Ҳанӯз ба ягон чӣ ноил нагардида шавҳари ҷавонам аз олам даргузашт ва бо се ҷигарбандам дар нимароҳи зиндагӣ танҳо мондам. Вале шукрона мекунам, ки туфайли хайру саховати мардуми некхоҳи шаҳри Хуҷанд боре нашудааст, ки фарзандонам аз гуруснагӣ ва ё аз сабаби набудани сарулибос азият дида бошанд. Ҳамеша дасти инсонҳои хайрхоҳу савобҷӯйро дар сари худ эҳсос мекунем. Онҳо ба мо барин камбизоатон фидияи рӯза, закоти мол ва фитри рӯзаашонро медиҳанду барои мо ҳам шароити хуби зиндагиро фароҳам месозанд. Шукри ин давлату ин давлатдорӣ мекунем, ки ба инсонҳо барои фаъолият дар идораву ташкилоти давлативу ғайридавлатӣ ва ба соҳибкорон барои ривоҷи кори инфиродиашон имконияти фаровон муҳайё сохтааст, ки ба шарофати ин ҳама ғамхориҳои ҳукумат онҳо ба мо ҳам дасти ёрӣ дароз намуда, дили моро ба зиндагӣ гарм месозанд. Бояд гӯям, ки нафароне кам нестанд, ки натанҳо дар моҳи Рамазон, балки дар арафаи ҳамаи иду ҷашнҳо ба мо маводи озуқаву сарулибос ҳадя меоранд ва ин гӯё як ҷузъи фаъолияти рӯзмарраи онҳо шуда бошад.
Ҳамчунин, дар ин иду айём қабристонҳо ҳам ободу тоза мегардад, ки аз ин амал руҳи гузаштагон шод мешаваду табъи инсонҳои зинда болида мегардад.
Ҳамаи онҳоеро, ки ба суоли мо посух гуфтанд, бо Иди саиди Фитр шодбош гуфта, барояшон рӯзгори ободу табъи хушро таманно кардем. Бошад, ки накӯкориҳои инсонҳо нисбат ба якдигар абадӣ гашта, давлати тоҷикон рушд кунад ва сулҳ дар кишвар пойдор монад.

Мавзуна Нозими,
«Тирози ҷаҳон»