(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Дар ҷустуҷӯи дӯстони падар

Аз таърих ба мо маълумаст, ки солҳои баъди Инқилоб  ба ҷумҳурии мо халқияту миллатҳои зиёд аз ҷумла, русҳо аз минтақаҳои гуногуни сарзамини аҷдодиашон ба шаҳру ноҳияҳои кишварамон кӯчида омадаанд. Яке аз сабабҳои кӯчбандии эшон гуруснагии  сахт буд, ки бисёре  аз онҳо ба хотири зинда мондан, ба минтақаҳои гуногуни ОсиёиМарказӣ барои дарёфти қути лоямут омада буданд.
Воқеан ҳам, гуруснагӣ тамоми минтақаҳои Федератсияи Русия, аз ҷумла вилояти Самараро  низ дар амон нагузошта  буд. Ин аст, кибошандагони ин ҷо низ барои дарёфти як лаб нон худро ба дигар диёру минтақаҳо, аз ҷумла Осиёи Миёна мезаданд. Аз ҷумла, зодаи ин вилоят Валентин Семёнови наврас бо модару ду хоҳараш соли 1938 бо даъвати бародараш Алексей, киаллакай дар Хуҷанд кору зиндагӣ дошт, дар муддати 6 моҳ пиёдаву савора ба Хуҷанд расид. Дар ҷустуҷӯи дӯстони падар

Онҳо бо аҳли оилаи худ дар маҳаллаи «Гузари Охун»  маскан гирифтанд. Таи 4 сол дар мактаби миёнаи №1-и шаҳр (имрӯза Литсейи №1) таҳсил карда, соли 1941 ба фронт рафт. Баъди итмоми Ҷанги Бузурги Ватанӣ қисмат ӯро аз нав ба сарзамини аҷдодиаш боқӣ монд.
Солҳои баъдиҷангӣ вай  паи  касби омӯзгорӣ шуд ва дар ин соҳа то ба нафақа баромадан содиқона кор кард. Аммо, он мактабе, ки таҳсил  кард, омӯзгорону шарикдарсон ва дӯстони хуҷандиашро ҳаргиз аз ёд намебаровард. Дилаш ба ёди онҳо гум мезад. Вай бисёр мехост ба Хуҷанд ояд. У бафарзандонаш ҳамеша ёдрас мешуд, ки: «агар мо ба Ленинобод немерафтем, яқин аз гуруснагӣ мемурдем. Раҳмат ба мардуми меҳмоннавози он шаҳр, ки як лаб нони худро бо мо дид…»
Хуҷанд ҳамзамон аз он ҷиҳат барояш азизу гиромӣ буд, ки солҳои бебозгашти бачагиву наврасиаш гузаштаанд. Вай мардуми ин шаҳр, хусусан он мактабиазизашробисёрпазмоншуда буд. Дилаш мехост, он таълимгоҳро бори дигар бинаду ёди он давраҳо кунад.  Аммо, вазъи саломатӣ ва пириаш имкон намедод. Бинобар ин ҳамд ухтараш Лидияро, ки алҳол сарвари Филармонияи давлатии шаҳри Толятии Федератсияи Русия аст, хоҳиш намуд, ки  ин орзуи вайро ҷомаи амал пӯшонад. Худаш бошад, соли 2005 бо ҳасрати дидор чашм аз олам пӯшид.
Инак, баъди 11 соли даргузашти падар ва 75 соли оѓози Ҷанги Бузурги Ватанӣ маҳз санаи 22 июни соли равонЛидия Василевна дар ҷустуҷӯи дӯстони падар ба шаҳри қадима вале ҳамешаҷавони Хуҷандомад.
-Ман ҷустуҷӯи ҳамсинфони падарамро соли 2010 тавассути Интернет оѓоз кардам,-гуфт зимни сӯҳбат Лидия Валентиновна,- винеткаи соли хатми он касро дар шабакаи иҷтимоии Интернет ҷой карда, аз истифодабарандагон  хоҳиш  кардам, ки дар бораи шарикдарсони падар маълумот диҳанд. Дар муддати кӯтох аз  хешованду пайвандони 16 нафар ҳамсинфон дарак ёфтам. Инак, ман ба Хуҷанд омадам, то ҷустуҷӯро давом диҳам. Воқеан ҳам, маро истиқболи гарми мардуми меҳмондӯсти Хуҷанд, мамнун сохт.Дар чорабиниҳои идона бахшида  ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ иштирок  кардам. Табъам хеле  болида гардид. Марқади ёдгорӣ бахшида ба аввалин омӯзгорони руси шаҳр дар дохилиГимназияи №1-ро дида, хурсандиам дуболо шуд.
-Ба мақсади худ расидед,-пурсидем аз Лидия Валентиновна, ки дар ҷавоб гуфт:
-Бале, дараки чанде аз ҳамсинфони дигари падарамро ёфтам, ки албатта онҳо дар қайди ҳаёт нестанду бо пайвандонашон мулоқот кардем. Дар ин кори хайр ба ман собиқадори варзиш Генадий Ваҳидович Набиев хеле кӯмак карданд, ки аз он кас миннатдорам.  Нусхаи винеткаи хатми хонандагони соли 1941-ро бошад, ба мактаб тӯҳфа овардам. Воқеан ҳам, аз осорхонаи Гимназия маълумоти зиёде гирифтам. Ташаккур ба маъмурияти Гимназия, китаърихи мактабро нигоҳ доштааст…
Қайд кардан зарураст, ки аз ҳисоби хатмкунандагони соли 1941-и Гимназияи №1-и шаҳри Хуҷанд бисёр шахсиятҳои маъруф, хусусан кадрҳои соҳаи ҳарбӣ  ба камолрасидаанд. Ҳамсинфи Валентин Семёнов Юрий Ильич Волев баъди итмоми Ҷанги Бузурги Ватанӣ солҳои зиёд дар Кремл ба сифати сардори идораи 9-ум (посбони ҳайати роҳбарикунандаи давлатӣ) хизмат карда аз он ҷо ба нафақа баромадааст.
Лидия Василевна, мусиқашинос аст. Бо истифода аз фурсати қулай  ӯ бо шогирдону устодони Коллеҷи санъати ба номи ба номи Содирхон Ҳофизи шаҳри Хуҷанд вохӯрӣгузаронд. Боиси тазаккур аст, ки ба корҳои таълиму тарбияи ин муассиса баҳои баланд дод. Маҳорати скрипканавозии шогирди ин даргоҳ Таҳмина Исматӣ барояш писанд омад ва ӯро барои иштирок дар фестивали созҳои халқии шаҳриТоляти, ки моҳи августи соли равон баргузор мегардад, даъват кард.
Мулоқоти гарму самими меҳмон бо устодони Гимназияи №1-и шаҳр барпо шуд, ки он ҷо сухан аз бобби дӯстиву рафоқат ва садоқат ба Ватани маҳбуб рафт.
-Моро на танҳо дидори меҳмон шод кард,-гуфт омӯзгори фанни забони русии мактаб Муяссара Оқилова,- балки ташрифи ӯ ба мо имкон дод як саҳифаи нокушодаи таърихи мактабамонро муайян созем. Сарвари мактабамон дар солҳои ҷанг маълум набуд. Аз рӯи винеткаи тақдимнамудаи Лидия Семёнова маълум гардид, ки дар солҳои мудҳиши ҷанг мактаби моро Смирнов П.К. роҳбар будааст.
Меҳмони азиз ба  зодгоҳаш бо як ҷаҳон таассуроти нек баргашт бо нияти он, ки ҷустуҷӯро идома медиҳад то он даме, ки васияти падарашро пурра ба ҷо орад.

Мирзоаъзам Мақсудов
аъзои Итифоки журналистони Точикистон