(2 овоз, миёна 4.50 аз 5)

Низоми нави таълим-низоми таълими салоҳиятнокБарои дар сатҳи баланд ташкил ва гузаронидани курсҳои такмили ихтисоси омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ аз рӯи низоми таълими салоҳиятнок дар мактаби №2 марҳилаи якуми омӯзиш баргузор гардид. Низоми таълими салоҳиятнок дар ҳафт марҳила гузаронида шуда, то 28-уми августи соли равон идома меёбад. Баргузории дарсҳои омӯзишӣ дар вақти таътили тобистона дар муассисаҳои таълимии №2, 6, 2 ба нақша гирифта шудааст. Дар марҳилаи аввал 110 нафар омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ аз ин курсҳо гузашта, соҳиби сертификати Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гардиданд.
Басо ба маврид аст, ки аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзгоронро тавассути курсҳои такмили ихтисос бо татбиқи низоми нави таълим шинос гаштанд. Низоми нави таълим-низоми таълими салоҳиятнок ном дорад. Ин низоми таълим имконият медиҳад, ки хонандагон салоҳияту малакаҳои асосии иҷтимоиро аз худ намуда мустақилона дониши гирифтаашонро дар ҳаёт татбиқ карда тавонанд. Дар курси омӯзиши аввалине, ки дар МТМУ № 2-шаҳри Хуҷанд гузашт, 30 нафар омӯзгорони пешқадами синфҳои ибтидоӣ аз муассисаҳои таълимии №2, 12, 15, 23, 30 ва МТМУҒ «МактабиИрфон» иштирок доштанд. Ҳар як машғулият бо аёният, шавқовар ва ба таври мубоҳисавӣ мегузашт. Мавзӯъҳои машғулиятҳо 6 фанни синфҳои ибтидоӣ, яъне забони модарӣ, математика, табиатшиносӣ, санъат ва меҳнат, суруд ва мусиқӣ, тарбияи ҷисмониро дар бар мегирад.
Дар раванди машғулият омӯзгорон методҳои гуногунро аз низоми таълими салоҳиятнок омӯхта, аз таҷрибаи ҳамдигар бархурдор гаштанд.