(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Таътили хонандагони Гимназияи № 4 бомаърифат мегузарад.Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд давраи таътили тобистона барои муҳассилини худ чорабиниҳои мухталиф баргузор менамоянд.
Ҳайати омӯзгорон гимназияи № 4 қарор доданд дар таътили хонндагон робитаи худро бо хонандагони худ нигоҳ дошта, фаъолияти китобхонаи мактабро ҷоннок намоянд. Тибқи нақшаи тасдиқгардида минбаъд хонандагони ин муассисаи таълимӣ имкон доранд аз адабиётҳои бадеӣ ва мактабӣ истифода баранд.
Назар ба маълумоти роҳбарияти мактаб то имрӯз асосан хонандагони синфҳои аз 2 то 11 чун хонандагони фаъол ба қайд гирифта шуда аз  китобҳои ҳам дарсӣ ва ҳам бадеӣ истифода мебаранд.
Дар китобхонаи мактаб то имрӯз теъдоди китоб китобҳои дарсӣ зиёда аз 32230 дона, китобҳои дарсӣ бо забони русӣ 7601 дона, китобҳои тозанашр бо забони русӣ 690 дона, китоби бадеи бо забони тоҷикӣ  чопи замони шӯравӣ 989 дона, давоми 15 соли охир ба дасти хонандагон расида 260 дона буда, ҳар сол хонандагон ва омӯзгорон ба зиёда аз 52 номгӯи мачаллаву рӯзномаҳо обуна мешаванд. Таътили хонандагони Гимназияи № 4 бомаърифат мегузарад.Дар баробари ин дар назди мактаб маҳфилҳои эҷодӣ ва ҳунарӣ низ амал мекунад,ки мақсад ҳар чӣ бештар фарогирии наврасон ба кору омӯзиши манфиатнок аст.
Дар маҳфилҳо хонандагон бо роҳнамоии омӯзгорони худ Ашӯрова Мунира ва Аминҷонова Шаҳло ҳунарҳои миллӣ ба монанди адрасбофӣ, кешбофӣ, гилембофӣ, дӯзандагӣ ва гулдӯзиро меомӯзанд.