(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

Маҳсулоти нави ТАҚХ «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ»,- «Маҳаллаи обод»Давоми фаъолияти пурсамари худ давоми бештар аз 15 сол ТАҚХ «ИМОН  ИНТЕРНЕШНЛ» чандин лоиҳаҳои иҷтимоӣ ва маҳсулоти қарзие пешниҳод намуда истодааст,ки он барои дастгирии  иҷтимоии тамоми табақаҳои сокинон пешбинӣ гаштааст. То имрӯз байни сокинони кишвар ва мизоҷони ин ташкилоти молиявӣ маҳсулоти қарзӣ барои фароҳам овардани имконияти мувофиқи таҳсили ҷавонон дар муассисаҳои таълимии олии кишвар, рушди соҳибкорӣ ва соҳаи кишоварзӣ ва чанде дигар маъруфият дорад.
Ҳамчунин яке аз самтҳои фаъоляти ташкилот ин баланд бардоштани  маърифати истифодаи сокинон ва мизоҷони ташкилот аз технологияҳои муосири инноватсионӣ ва саводнокии молии аҳолӣ маҳсуб меёбад. Роҳандозии хизматрасонии пардохти маблағҳо тариқи терминалҳои «ИМОН-ПЭЙ», бонкдории электронии «ИНТЕРНЕТ БАНКИНГ» шаҳодати гуфтаҳои болост. Маҳсулоти нави ТАҚХ «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ»,- «Маҳаллаи обод»Ва инак ТАҚХ «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ»,- боз як маҳсулоти нави худро бо номи «Маҳаллаи обод» пешкаши сокинони кишвар мегардонад.
Ин маҳсулоти қарзӣ дар доираи баргузории озмуни ҷумуриявии шаҳру ноҳия, маҳалла ва оилаи беҳтарин, ҳамчунин тибқи Қарори Раиси  шаҳри Хуҷанд №16 аз 18-уми январи соли 2016 «Дар бораи гузаронидани озмуни маҳаллаи беҳтарин дар ш.Хуҷанд». баҳри дастгирии сокинони мамлакат дар таҳкими корҳои ободонию бунёдкорӣ, ва зебо гардондани маҳаллаҳо амалӣ карда мешавад.
Бо пешниҳоди ТАҚХ «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» ва дастгирии бевоситаи иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд муаррифии маҳсулоти нави қарзии ТАҚХ «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ»,- «Маҳаллаи обод» бо иштироки роҳбарияти Шӯъбаи кор бо маҳаллаҳои шаҳрдорӣ ва раисони 22 кумитаи маҳаллаҳои шаҳр баргузор гардид.
Дар оғоз корманди масъули ташкилот Равшан Солиев ба ҳозирон доири зарурату аҳамият ва тарзу усули истифодаи ин маҳсулоти қарзии иҷтимоӣ маълумоти муфассал дод.
Аз ҷумла зикр гардид, ки барои роҳандозии ин намуди маҳсулоти қарзӣ коршиносони ТАҚХ «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» вазъи имрузаи маҳаллаҳо ва биноҳои истиқоматиро омӯхта, 10 намуди муаммоҳои афзалиятноки маҳаллаҳои шаҳр аз қабили фарсуда шудани  қубурҳои обу ташноб ва даромадгоҳҳои  биноҳои бисёрошёнаи истиқоматӣ, таъмирталаб будани таҳхонаҳои ин биноҳо ва роҳҳои баъзе аз маҳаллаҳо, зарурати бунёди майдончаҳо барои шуғли варзишӣ ва бозии кӯдаконро муайян намуданд. Маҳсулоти қарзӣ маҳз барои ислоҳи вазъи ин муаммоҳо пешбинӣ гашта баҳри боз ҳам ободтарр ва зебо гардондани маҳаллаҳо ва ширкату саҳми сокинон дар ин самт мусоидат менамояд.
Шаҳрвандони хоҳишманд имкон доранд гурӯҳи ташаббускори истифодаи қарзиро таъсис дода, бе мондани гарав, бо фоизҳои мувофиқ аз намуди маҳсулоти қарзӣ истифода баранд.
Дар ин замина сардори раёсати маркетинги ТАҚХ «ИМОН  ИНТЕРНЕШНЛ» Муяссара Пулотова илова намуд, ки мутахассисону коршиносони ташкилот барои таҳияи хароҷот ва корҳои таъмиру ободгардонӣ маслиҳати ройгон диҳанд.
Дар охир чанде аз раисони кумитаи маҳаллаҳои шаҳр   ба саволҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.
Сокинони кишвар тамоми хоҳишмандон имкон доранд бобати ин маҳсулоти қарзӣ ва шароиту имконияти истифодаи он тариқи телефонии 92 771 11 22 маълумоти муфассал гиранд.