(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Мусобиқаи футбол «Тӯби чармин»-2016 ҷамбаст гардид.Тибқи нақша чорабинии якчояи Федератсияи футбол, шӯъбаи маориф ва бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Хуҷанд ва дар асоси тартиби баргузории мусобиқаи ҷумҳурииявӣ оид ба футбол барои дарёфти мукофоти Клуби «Тӯби чармин»-2016 байни дастаҳои футболи наврасони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаҳои 23 май то 23 июни соли 2016 дар майдони футболбозии Муассисаи давлатии «Мактаби варзишии бачагон ва наврасони №1» – и шаҳри Хуҷанд мусобиқаи футбол барои дарёфти мукофоти «Тӯби чармин»-2016 байни наврасони солҳои таваллудашон 1999-2000, 2001-2002 ва 2003-2004   дар марҳилаи аввал баргузор гардид.
Дар ин мусобиқа дастаҳои футболи наврасони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии литсей ва гимназияҳои шаҳри Хуҷанд фаъолона ширкат намуда, барои гирифтани мақоми аввал мубориза бурданд. Мусобиқаи футбол «Тӯби чармин»-2016 ҷамбаст гардид.Назар ба маълумоти масъулини чорабинии мазкур наврасони солҳои таваллудашон 1999-2000 дар 10 даста, иштирок намуда, ҷойи якумро дастаи Гимназияи №4, ҷойи дуюмро дастаи МТМУ №9 ва ҷойи сеюмро дастаҳои МТМУ №14 ва Литсей №1 ишғол намуданд.
Натиҷаи мусобиқа байни дастаҳои футболбозони навраси солҳои таваллудашон 2001-2002, ки аз 14 даста иборат буд, бо чунин натиҷаҳо ҷамбаст гардид. Дар ҷойи якум дастаи Гимназияи №4, ҷойи дуюм насиби дастаи МТМУ №5 ва соҳиби ҷойи сеюм дастаҳои Литсей №1 ва МТМУ №14 гаштанд.
Дастаҳои солҳои таваллудашон 2003-2004 бошад аз 8 даста иборат гашта ғолибиятро дастаи футболбозони Гимназияи №4 ба даст оваранд.
Дар ҷойи дуюм дастаи Гимназияи №24 ва дар ҷойи сеюм дастаҳои Гиназияи №1 ва МТМУ №9 қарор гирифтанд.
Ғолибони мусобиқа бозингарони беҳтарин ва ба омӯгорон тарбияи ҷисмонӣ аз тарафи шуъбаи маориф ва бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Хуҷанд Ҷом, ифтихорнома, медал ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шудаанд.