(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt

Ҳамшаҳриёни азиз!
Таърихи халқияту миллатҳои ҷаҳон санаҳои муҳим ва ҳаводисеро медонад, ки аҳамият ва арзиши онҳо бо гузашти солҳо ҳамчун сарвати бебаҳои ин ё он миллат баландтар мегардад. Чунин санаи барои мардуми шарафманди Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳиму сарнавиштсоз Рӯзи Ваҳдати миллӣ мебошад. Воқеан, 27 июни соли 1997 рӯзи муборакест, ки дар таърихи пуршарафи халқи куҳанбунёди мо бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст.
Ин санаи тақдирсозе аст, ки бо маънии томаш ҳамчун санаи саодатофарин ва ощози созандагиҳои бузург мебошад. Дар ин рӯзи саид пас аз қаҳрамониҳову ҷонбозиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишварамон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид. Боиси қаноатмандӣ ва ифтихор аст, ки сулҳи тоҷикон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳои баланд гирифтааст. Ба тасвиб расидани ин ҳуҷҷати ваҳдатофарин барои мо тоҷикистониён сулҳи бунёдкорро армущон оварда, барои вусъати беназири раванди созандагӣ дар тамоми ҷабҳаҳои зиндагӣ такони бузург бахшид.
Ҳар миллат ва ҳар халқро танҳо истиқлолияти комил ва ваҳдати пойдор ба кӯи мурод расонидааст.
Маҳз бо шарофати сулҳу ваҳдати комил дар Тоҷикистон ба бунёди давлати демокративу ҳуқуқасос ва дунявӣ заминаи устувор гузошта шуд. Давоми 19 сол мардуми шарифи Тоҷикистон дар фазои сулҳу оромӣ ва амнияти комил умр ба сар бурда, барои таҳкими озодӣ, пешрафту ободии Модар – Ватан ва таъмини некӯаҳволию осоиш камари ҳимматро мустаҳкам баста, бо ҳидояту раҳнамоии меъмори сулҳу ваҳдат, Сарвари мамлакат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қуллаҳои баланди музаффарияту шукуфоиро фатҳ карда истодаанд. Дар ин муддати кӯтоҳи таърихӣ ба халқи тоҷик муяссар шуд, ки роҳи беш аз садсолаи рушдро тай намуда, ба комёбиҳои азими иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсию фарҳангӣ ва илмию маданӣ ноил гардад.
Имрӯз дар ҳамаи гӯшаву канори мамлакат аз сулҳу ваҳдат, созандагию бунёдкорӣ сухан мегӯянд. Дар бораи корнамоиву ҷоннисориҳои Сарвари муаззами кишвар бо шукргузорӣ ҳарф мезананд, ки Ватанро ободу мардумонашро шод гардонд, нақбу пулҳои замонавӣ, неругоҳҳои барқӣ - обӣ ва дигар иншооти ҳаётан муҳим сохт. Ин ҳама хушиҳо самараи  ҳамон Созишномаи сулҳест, ки 27 июни соли 1997 ба имзо расида буд ва ҳамасола бо як дилгармии беандоза ҳамчун Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар саросари кишвар таҷлил мегардад.
Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ арзишҳои волое мебошанд, ки давлати моро пойдору устувор нигоҳ медоранд ва аз ин хотир вазифаи муқаддаси ҳар яки мо он аст, ки пояҳои давлатдории миллии  худро боз ҳам таҳким бахшида, барои фардои дурахшони миллат заҳмат кашем.
Эътимоди комил дорам, ки мо дар ҳамдастию шукргузорӣ аз Ваҳдати миллӣ барои ҳифзи ваҳдати сартосарии Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамаи имкону тавонмандиамонро ба кор бурда, дар соли 2016-«Соли фарди солим», «Соли маҳалла, деҳа ва шаҳраки обод»  ҷиҳати сазовор таҷлил намудани 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷидду ҷаҳд менамоем, зеро қудрати мо дар ҳамдигарфаҳмӣ, дӯстӣ, бародарӣ ва Ваҳдат аст.
Дар ин лаҳзаҳои идона бо як ҷаҳон ифтихору шодмонӣ, бо ин санаи муқаддасу тақдирсоз-Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамаи Шумоёнро муборакбод намуда, бароятон осмони софу бущубор, зиндагии бобарор, саодатмандию сарба-ландӣ ва саломатӣ таманно менамоям.
Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборак!