(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Ба эҳтиёҷмандон аробачаи маюбӣ тӯҳфа карда шуд.Бо мақсади расондани кӯмак ва дастгирии оилаҳои ниёзманд ва бехтар намудани  зиндагии ниёзмандон аз ҷихати ҷисмонӣ, ичтимоӣ ва иқтисодӣ бо иштироки фаъоли худи онхо, Бахши агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Мақомоти иҷроияи ҳокимяти давлатии шаҳри Хуҷанд корҳои назаррасро ба анҷом мерасонад. Бо мақсади кӯмак расондан барои дастрас намудани аробачаи маюбӣ давоми моҳи равон 6 нафар сокинони эҳтиёҷманд  ба бахши мазкур муроҷиат намуда буданд. Оғози ҳафтаи ҷорӣ Бахши агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Мақомоти иҷроияи ҳокимяти давлатии шаҳри Хуҷанд дар ҳамкорӣ бо ташкилоти байналхалқии хайриявии «Operation Mercy» ба ду нафар аз ин муроҷаткунандагон Турсуной Саманадароваи 87 сола, истиқоматкунандаи кӯчаи Стаханов 27 /16 ва Обидов Ҷовидҷон 11 сола сокини маҳаллаи 20 хонаи № 16 хучраи № 64 аробачаи маюбӣ дастрас карда шуд. Мудири Бахши агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ Камолҷон Комилов ва роҳбари ташкилоти байналхалқии хайриявии «Operation Mercy» Стефан Вишневский ба манзили нафарони зикгардида рафта баробари аёдату ҳолпурсӣ ба онҳо аробачаи маюбии дорои имкониятҳои гуногун тӯҳфа намуданд.
Назар ба иттилои масъулон то интиҳои моҳи равон барои боз 6 нафар шахсони ниёзманд аробачаи маюбӣ тӯҳфа карда мешавад.