(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Кучаи навбатӣ дар маҳаллаи «Навбаҳор» мумфарш мешавад.Дар кӯчаю маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд корҳои ободонӣ ва таъмири роҳҳои маҳаллаҳо вусъати тоза мегирад.
Иҷрокунандаи вазифаи  Раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз дар оғози корҳои таъмиру мумфаршкунии яке аз кӯчаҳои маҳаллаи «Навбаҳор»,-кӯчаи «15 солагии Истиқлолият» ширкат намуд.
Кормандони идораи роҳсозии шаҳри Хуҷанд ният доранд давоми ҳафтаи равон кӯчаи ин маҳалларо пурра аз таъмири куллӣ ва бо сифат бароранд.
Масофаи умуми кӯча 350 метр буда, масоҳати умумии корҳои мумфаршкунӣ 17,25 метри квадратиро ташкил медиҳад.
Маблағи умумӣ бошад бештар аз 108 ҳазор  сомониро ташкил дода, наздики 20% ин маблағ аз ҳисоби сокинони кӯчаи зикргардида, ҷамъоварӣ шудааст. Қисмати боқимондаи маблағи корҳои пешбинигардида аз ҳисоби буҷаи мақомоти шаҳрдорӣ пардохт хоҳад шуд.
Лозим ба ёдоврист, ки соли ҷорӣ дар шаҳри Хуҷанд таъмиру мумфаршкунии наздик 70 км роҳу кӯча ба нақша гирифта шуда, то имрӯз корҳои ба анҷомрасида 11,5 % ин нақшаро ташкил медиҳад.