(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Озмуни «Андалеб-2016» ҷамъбаст шудИмрӯз баъди зӯҳд  даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2016» бо баргузор намудани чорабинии калони фарҳангӣ дар Театри тамошобини навраси маркази вилоят анҷом ёфт.
Аҳли фарҳанги шаҳри Хуҷанд дар саҳни Театр намоиши ҳунарҳои халқиро ташкил карданд, ки аз он Раиси шаҳр Шариф Шарифзода ва ҳамроҳонаш дидан карда, изҳори қаноатмандӣ намуданд. Ба Раиси шаҳр ва ҳамроҳонаш хусусан, намоиши экспонатҳои осорохонаи шахсии шаҳрванд Нозимҷон Усмонов, ки аз таърихи қадима ва начандон дури фарҳанги рӯзгордории хуҷандиён нақл мекунад, басо писанд омад.
Қабл аз оғози барномаи ниҳоии фарҳангӣ дар толор Раиси шаҳр Шариф Шарифзода ба сухан баромада чунин гуфт:
-Ман аз тамошои намоиши ҳунарҳои халқӣ ба чунин хулоса омадам, ки мардуми сарбаланди Хуҷанд ҳанӯз фарҳанги ниёгон ва расму суннатҳои қадимаи хешро фаромӯш накардаанд. Баръас, бобати ҳифз ва сайқал додани он кӯшиш ба харҷ медиҳад. Боварӣ дорам, ки аҳли фарҳанги шаҳри Хуҷанд дар даври ҷумҳуриявии озмун низ бо маҳорати баланд баромад карда, мақоми арзандаро соҳиб хоҳанд шуд.
Сардори Раёсати фарҳанги вилоят Ориф Набиев  ба сухан баромада аз «Корвони Наврӯзӣ»-и хуҷандиён ёдовар шуда гуфт, ки дар Хуҷанди қадима ва ҳамешаҷавони тавонистем, фарҳанги волои ммардумиро ба маърази тамошои меҳмонони олиқадр намоиш диҳем ва ба баҳои баланди Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сазовор гардем.Озмуни «Андалеб-2016» ҷамъбаст шуд
Дар вазъитяти тантанавӣ ба ғолибони озмун Сипосномаи Раиси шаҳр ва мукофотҳои пулиро Раиси шаҳр Шариф Шарифзода тақдим намуд. Тибқи хулосаи аъзои ҳакамот дар ин озмуни шаҳрӣ ҷойи аввалро Коллеҷи санъати ба номи Содирхон Ҳофиз ишғол кард. Ғолибияти эшон бо Сипосномаи Раиси шаҳр ва мукофоти пулӣ ба маблағи 5000 сомонӣ қадршиносӣ гардид.
Ҷойи дуюмро бошад, аъзои ҳакамот ба донишҷӯёни Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистони шаҳри Хуҷанд  сазовор донистанд. Онҳо низ бо Сипосномаи Раиси шаҳр ва мукофоти пулӣ ба маблағи 3000 сомонӣ сарфароз карда шуданд. Ҷойи сеюмро бошад, донишҷӯёни ДДҲБСТ ишғол карданд. Онҳо соҳиби Сипосномаи Раиси шаҳр ва 2000 сомонӣ мукофотпулӣ шуданд.
Барои иштироки фаъолона донишҷӯёни ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров, Коллеҷи омӯзгории ин донишгоҳ ва Коллеҷи тибби шаҳри Хуҷанд бо Сипосномаҳои Раиси шаҳр сарфароз гардиданд.Озмуни «Андалеб-2016» ҷамъбаст шуд
Дар интиҳо барои тамошобинон 11 номераи консертӣ намоиш дода шуд. Ба ҳозирин баробари суруду таронаҳои халқӣ порча аз намоишномаи «Исёни арӯсон» дар иҷрои донишҷӯёни Коллеҷи санъати шаҳр ва маросими «Гаҳворабандон» дар иҷрои фаъолазанони шаҳрамон хеле писанд омад.
Чорабинӣ бо сюитаи рақсии «Диёрам Тоҷикистон» ба интиҳо расид.