(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Роҳбарияти вилоят ва шаҳри Хуҷанд хотири шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватаниро пос доштанд.Бахшида ба 71-умин солгарди Иди Ғалаба бар фашизми гитлерӣ имрӯз дар пояи маҷмаи ёдгории шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳамоиши иштирокдорони ин ҷанг ва собиқадорони меҳнат баргузор гардид. Соати 09:00 Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва Раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз ҳамроҳи муовинон ва роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, собиқадорони ҷангу меҳнат ва роҳбарони консулгариҳои Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Қазоқистон ва намояндигарии Ҷумҳурии Қирғизистон дар шаҳри Хуҷанд назди пояи ин муҷассама гулчанбар гузоштаа хотираи шаҳидони ин ҷанги даҳшатбори асри XI-ро пос доштанд.
Ҳамчунин имрӯз тамоми корхонаю ташкилотҳо низ дар назди муҷассамаҳои хоиравӣ ва пайкараҳои қаҳрамонони ин ҷанг гулчанбар гузошта, барои эҳтироми онҳо сари таъзим фуруд оварданд. Дар шаҳри Хуҷанд чорабиниҳои дар доираи «Ҳафтаи поси хотир» идома дорад.