(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Боз як кӯчаи шаҳр номи иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватаниро гирифтНоми тангкӯчаи Саховати кӯчаи ба номи Ҷ Зокиров ба номи яке аз иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ Наҷмиддин Тоҷибоев иваз карда шуд. Ба ин муносибат дар яке аз гузарҳои қадимаи шаҳр, «Ниёз дегча» ҳамоиши сокинони маҳалла ва собиқадорони меҳнат ба ин муносибат баргузор гардид. Иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз дар ин чорабинӣ ширкат намуда, дар назди ҳозирон суханронӣ намуд.
Раиси шаҳр зимни суханронии худ таъкид намуд, ки баробари таҷлили Рӯзи Ғалаба, баргузории чорабиниҳои гуногуни ҳарбӣ ватандӯстӣ дар шаҳри Хуҷанд пос доштани хотираи шахсони аз набарди хунини аср барнагашта ба ҳукми анъана даромадааст. Маҳз бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз иштирокдорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ таҳти ғамхории пайваста қарор дода шуда, хотираи шахсони дар ин ҷанг ҳалокгашта гиромӣ дошта мешавад. Номгузорӣ шудани ин кӯча ба номи яке аз фарзандони далери ватан, ки аз ҳамин маҳалла ба фронт рафта, соли 1943 қаҳрамонона ҳалок гаштааст, шаҳодати гиромидошти фарзандони шуҷои далер аст.
Баъдан Шарифзода Шариф Файз бо ҳамроҳии собиқадорон ва пайвандони Наҷмиддин Тоҷибоев пардаро аз рӯи лавҳаи ёдгорӣ бардошт.
Дар навбати худ фарзанди ин марди фидоӣ Салоҳиддин Тоҷибоев барои эҳтироми падари ҷанговараш ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд изҳори сипосмандӣ намуд.