(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Дастоварди толибилмони шаҳри Хуҷанд дар сессияи Академияи хурди илмҳоДар шаҳри Конибодом сессияи вилоятии Академияи хурди илмҳо аз рӯи 15 бахш: рӯзноманигорӣ, адабиёти тоҷик, забони тоҷикӣ, забони русӣ, адабиёти рус, забони англисӣ, таърих, ҳуқуқ, математика, физика, астрофизика, химия, биология, экология, педагогика-психология, тиб баргузор гардид. Дар ин озмун 30 нафар ғолибони сессияи Академияи хурди илмҳо аз шаҳри Хуҷанд иштирок намуданд. Мавриди зикр аст, ки толибилмони мактабҳои шаҳри Хуҷанд сазовори 11ҷойи аввал, 6 нафар ҷойи дуюм ва 3 нафар ҷойи сеюм гардиданд. Ҳамчунин барои иштиороки фаъолона 8 нафар ба ифтихорнома мушарраф гаштанд.
Аз ҷумла, Зарифа Абдуғаффорова аз литсейи ДДҲБСТ, Шоҳина Осимова ва Зарнигор Юлдошева аз гимназияи №4, Фарангис Аҳророва аз м.х. «Паймони азизон», Муҳаммад Ҳакимов аз гимназияи №13, Муродӣ Муслиҳиддин аз м.х. «Гулчини маърифат», Нигина Урмонҷонова аз мтму №15, Таманно Яҳёева аз мтму №19, Нигина Абдуллоева аз гимназияи «Кавсар», Меҳрубон Аҳроров аз мтму №31 ва Мавзуна Комилова аз мтму №14 соҳиби мақоми аввал гардиданд. Ҳамаи ғолибонро бо ин дастоварди бузурги илмӣ табрику таҳният гуфта, барояшон дар сессияи Академияи хурди илмҳо дар шаҳри Душанбе барору комёбиҳо таманно менамоем.