(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Боздид аз муассисаҳои тиббии шаҳрРаиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз барои огоҳӣ пайдо кардан аз вазъи беморхонаҳову марказҳои саломатии дар шаҳр амалкунанда ба як қатор муассисаҳои тиббӣ омада, бо кормандону табобатгирандагон мулоқот анҷом дод.
Дар Беморхонаи клиникавии сироятии шаҳри Хуxанд Шарифзода Шариф Файзро духтурону ҳамширагони шафқат хуш пазируфтанд. Раиси шаҳр бо кормандони беморхона сeҳбат ороста, оид ба моҳияти эълон шудани «Соли 2016-Соли фарди солим», иҷрои бандҳои Барномаҳои давлатӣ оид ба ҳифзи сиҳатии омма ва ҳамчунин, аз вазъи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ сухан кард.  Сардухтури беморхона Баҳодур Мӯъминов иттилоъ дод, ки дар беморхонаи мазкур 216 нафар кормандон фаъолият дошта, аз ин шумор 19 духтур, 80 ҳамшираи тиб, 80 корманди миёнаи тиб ва ҳамчунин, кормандони ҳамкор мебошанд. Беморхона дорои 5 шӯъба, шӯъбаи эҳё, қабул ва ташхисгоҳ буда, дар онҳо 270 кати муолиxавӣ гузошта шудааст.
Шуъбаи бемориҳои шадиди роҳи нафаси беморхона аз таъмири куллӣ бароварда шуд, ки барои дар сатҳи зарурӣ, бо сифати баланд ва мутобиқ ба талаботи маркази назорати санитарӣ-эпидемиологӣ таъмир шудани он аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд 185 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардид. Таъмирро ширкати «Нерeи Суғд» ба зимма гирифта, барои дар муҳлати муқарраргашта ва бо сифат анҷом додани он вазифадор гардид. Раиси шаҳр Шарифзода Шариф ҳуҷраҳои таъмиргаштаи пизишкон, сарҳамшира, амалиётгузаронӣ, маҳдудгоҳҳои шуъбаро аз назар гузаронида, барои боз ҳам беҳтар гаштани сифати кори таъмир ба сардухтуру сарвари ширкати таъмиркунанда дастуру супоришҳо дод. Мудири шӯъба Матлуба Пeлотова зикр кард, ки дар шуъбаи онҳо 6 маҳдудгоҳ ва 7 ҳуxраи табобатӣ бо 45 кати беморӣ амал карда, 12 сол инҷониб акнун аз таъмири куллӣ бароварда шуд. Дар шуъбаи бемориҳои меъдаву рӯдаи кӯдакона 55 кати беморӣ мавҷуд буда, айни замон 42 нафар табобат гирифта истодаанд. Ин шӯъба низ аз таъмир бароварда шуда, барои тарҳи зебову замонавӣ гирифтани он аз буҷаи шаҳр 114 ҳазор сомонӣ маблағ сарф гаштааст. Шуъбаи бемориҳои рӯдаву меъдаи калонсолон бошад, айни замон таъмир шуда истода, барои таъмираш 135 хазор сомонӣ маблағ зарур мешавад. Шуъба то 50 нафарро дар як вақт кабул карда метавонад, зеро дорои 50 кати муолиҷавӣ мебошад. Раиси шаҳр таъмиргаронро вазифадор кард, ки то 1 июни соли равон ин шуъба низ пурра таъмир гашта, барои табобати беморон омода бошад. Зеро мавсими тобистон барои авҷи як қатор бемориҳо мусоидат карда, шумораи гирифторони бемориҳои сироятӣ меафзояд. ҳамчунин, оид ба кори дурусти системаҳои вентилятсионӣ дар шуъбаҳои диққати махсус дода шуд, зеро ҳавои вайрони ҳуҷраҳо метавонад табъи беморонро хира созад ва ё сабаби авҷгирии бемориашон гардад. Аз мудирони шуъбаҳо Азим Бобоҷонов ва Сeҳроб Собиров даъват ба амал овард, ки ҳангоми қабули кори устоҳои таъмиргар ба ҳар як ҷузъиёт  аҳамият дода, кори бо сифати баланд анҷомёфтаро қабул кунанд. Барои санҷиши кори устоҳо худи Раиси шаҳр чанд нуқтаро аз назар гузаронида, ба тирезаву шишаҳои он диққати махсус зоҳир кард.
Шарифзода Шариф Файз ҳамаи шуъбаҳои беморхона, аз қабили шуъбаи зардпарвини калонсолон, зардпарвини кӯдакон, шуъбаи қабул, эҳё ташхисгоҳ, ҳуҷраи ҷомашeӣ ва ошхонаро аз назар гузаронд. Маълум гардид, ки дар шуъбаи зардпарвини калонсолон 60 кати беморӣ ва 10 кати беморӣ барои гирифторони бемориҳои ВНМО дошта, маоши кормандонаш нисбат ба дигар шуъбаҳо баландтар мебошад. Ин шуъба ва шуъбаи зардпарвини кӯдакон соли гузашта аз таъмир бароварда шуда, ба ҳар як кати беморӣ 2 маҷмӯ рахти хоб назардошт гардидааст. Шуъбаи эҳё бо 6 кати беморӣ ва ташхисгоҳ соли оянда аз таъмир бароварда мешаванд. ҳуҷраи ҷомашeӣ бошад, бо оби гарм ва хунук, маводи безараргардонӣ таъмин буда, ду мошинаи ҷомашeӣ ба кормандон хизмат мерасонад. Ошпази беморхона барои 110 кас хӯрок омода сохта, дар худи беморхона кулча мепазад. Барои харидани дорувориҳо 400 хазор сомонӣ маблағ ҷудо шудааст, ки ин дорувориҳо ба оилаҳои ниёзманд ва мӯҳтоҷ ройгон дода мешавад. Мудирони шуъбаҳои беморхона ба Раиси шаҳр нисбати чунин ғамхорӣ арзи сипос гуфта, ваъда доданд, ки сатҳу сифати хизматрасонии тиббиро боз ҳам хубтар ба роҳ мемонанд. Сардухтури беморхона Баҳодур Муъминов ба  Шарифзода Шариф Файз оид ба масъалаҳои ҳалталаби шифохона, аз қабили харидории кати беморӣ, таҷҳизоти ултрасадо ва ба шуъбаи эҳё дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ барои кӯдакон сухан кард. Раиси шаҳр барои мусоидат ба ҳалли мусбии ин масъалаҳо ваъда дода, дар хусуси ободонӣ, харидории тубакҳои калони гул, маводи хушбӯкунанда ва амсоли инҳо дастур дод. Ҳамчунин, гармхонаи беморхонаро аз назар гузаронида, аз дарахтони лимӯ, кӯчатҳои помидору қаланфури булғорӣ ва гулҳои рангоранги саҳни ҳавлии беморхона изҳори қаноатмандӣ кард. Бо беморону табобатгирандагон оид ба тарзи табобат, муомилаю муносибати пизишкону ҳамширагон бо онҳо пурсон шуда, аз ҷавоби қаноатмандонаи онҳо хушҳол гардид.
Дар Маркази саломатии №5-уми шаҳри Хуxанд Раиси шаҳр Шарифзода Шариф Файз аз кори табибони оилавӣ ва духтурони муолиҷавӣ огоҳ шуд. Сардухтури марказ Музаффар Наҷимов иттилоъ дод, ки маркази саломатӣ ба 45 ҳазор аҳолӣ хизмат расонида, 28 нафар табибони оилавӣ аз вазъи саломатии онҳо бохабар мешаванд. Бо ҳар яки ин духтурон дар утоқҳои кориашон аз вазъи кору хизматрасонӣ ба аҳолӣ пурсиш ба амал оварда, ҳамчунин, бо духтурони дандон, ташхисгарон, чашм, дил, гӯшу гулӯву бинӣ, ортопед, маркази репродуктивӣ, асабшинос, ҳамчунин психотерапевт мулоқот орост. Маълум шуд, ки дар маҷмуъ дар 1 рӯз духтурони маркази саломатии мазкур ба 800-900 нафар бемор ёрии тиббӣ расонида, барои қишри ниёзманду камбизоат, маъюбону ҳомиладорон ройгон хизмат мекунанд. Раиси шаҳр ҳамчунин, аз Маркази ташхисӣ ва лаборатории «Алфинур», ки дар бинои Маркази саломатии №5 ҷойгир аст, боздид ба амал овард. Дар ин марказ кормандон ба 10-15 нафари муроҷиаткунандагон хизмати ташхисӣ ва лабораторӣ гузаронида, амалиётҳое, ки дар дигар ҷойҳо анҷом дода намешаванд, дар ин марказ бо таҷҳизоти муосири тиббӣ доир мегарданд. Шарифзода Шариф Файз ба сардухтури марказ Музаффар Наҷимов оид ба самаранок истифода бурдани маблағҳо, ки аз ҳисоби қарори №600 оид ба хизматрасониҳои пулакии тиббӣ ба суратҳисоби муассиса ворид мегирдад, маслиҳату дастур дода, зикр кард, ки ба корҳои ободониву кабудизоркунӣ диққати махсус равона карда шавад.
Ҳамчунин, Раиси шаҳр бо кормандони Маркази саломатии №4-уми шаҳр мулоқот доир карда, ҳуҷраҳои кории духтуронро аз назар гузаронд. Маълум шуд, ки дар маркази репродуктивии маркази мазкур 3 нафар духтурони амрози занона кор карда, 633 нафар ҳомиладор дар қайди онҳо меистад. Кори духтурони маркази репродуктивӣ бо табибони оилавӣ пайваст буда, корашон босамар ба роҳ монда шудааст. Ба Маркази саломатии №4 дастгоҳҳои нави тиббӣ, аз қабили таҷҳизоти ултрасадоӣ, рентгенӣ, сабти барқии дил ва таҳлили хунӣ насб гардида, аз он беморон ба хубӣ истифода бурда истодаанд. Шарифзода Шариф Файз бо духтурони чашму асаб, нуқсоншиносу ҷарроҳ, малҳамбандиву ортопед ва дандонпизишку гаҷбанд вохӯрда, аз қабулу гусели беморон пурсиш ба амал овард.
Дар маҷмуъ, Раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз аз вазъи хизматрасонии тиббӣ дар табобатгоҳҳои шаҳр изҳори қаноатмандӣ намуда, барои боз ҳам хубтару беҳтар кардани хизмати тиббӣ ба аҳолӣ, самаранок истифода бурдани маблағҳо ва ҷиҳати корҳои ободониву кабудизоркунии муассисаҳо дастурҳо дод.