(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Дар Хуҷанд Рӯзҳои ҷавонон оғоз гардидБахшида ба таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд чорабинии фарҳангӣ-таърихии таҳти унвони «Ҷавонон–пайрави Пешвои миллат ва муҳофизони дастовардҳои 25 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон!» силсилаи чорабиниҳои мухталиф баргузор мегардад. Ҳамзамон тибқи нақшаи тасдиқгардида дар маркази вилоят ба муносибати 71-умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳафтаи «Поси хотир» оғоз гардид. Яке аз ин чорабаниҳои пуршукӯҳ ва хотирмон дар Осорхонаи таърихию кишваршиносии вилояти Суғд таҳти унвони «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст» баргузор гардид.
Бо гирандагони стипендияи Президентӣ ва Раиси шаҳр, ҷавонони фаъоли шаҳр, сарбозони қисми низомии 3501-и Вазорати корҳои дохилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ Мамадхон Эшонов ва Қориҷон Ахмедов мулоқоти самимӣ намуда аз зиндагиномаю корнамоиҳои худ дар набарди мудҳиши асри гузашта нақл намуданд.
Дар Хуҷанд Рӯзҳои ҷавонон оғоз гардидОмири кули Муассисаи давлатии «Маҷҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» Иброҳим Иброҳимов, Мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонов аз номи иштирокдорон ва ҷавонону наврасон ба ин пирони рӯзгордида сиҳатмандӣ ва умри бардавом орзу намуданд. Аз ҷониби муҳасилини мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 27 саҳнача намоишд дода шуда санъаткорони ҷавон бошад бо барномаи ҷолиби фарҳангӣ таъби ҳозиронро болида сохтанд.
Дар ин чорабинӣ инчунин Раиси шӯрои Собиқадорони ҷанг ва меҳнати шаҳр Орипов Мӯъминҷон, раиси собиқадорони ҷанговарони интернатсионалисти вилояти Суғд Содиқов Комилҷон, раиси собиқадорони ҷанговарони интернатсионалистӣ шаҳр Қобилов Муқимҷон низ ширкат намуданд.