(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Машқи пагоҳӣ дар маркази шаҳр гузаронида шудБо мақсади иҷроиши дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доири тарғиби тарзи ҳаёти солим ва нақша-чорабиниҳои Бахши ҷавонон варзиш ва сайёҳии шаҳри Хуҷанд, ҳар ҳафта рӯзи шанбе дар маркази вилоят дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бо иштироки хоҳишмандон ҷавонону наврасон машқи пагоҳӣ баргузор мегардад.
Имрӯз низ таҳти роҳбарии мураббиёни муассисаҳои таълимию варзишии шаҳр дар саҳни ҳавлии Маркази ҷавонон ба номи Лоиқ Шералӣ бо ширкати бештар аз 150 нафар сокинони шаҳр машқи пагоҳи баргузор гардид.
Давоми наздик як соат ба иштирокдорони ин чорабинии варзишӣ мураббиён бобати тартибу қоидаҳои машқу обутоби бадан маълумот дода, якҷоя чанд намуди машқи варзишӣ иҷро намуданд.