(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altҲамшаҳриёни азиз!
Иди баҳору меҳнат ва Рӯзи байналмилалии якдилии меҳнаткашонро барои ҳар яки Шумо ва тамоми ҳамшаҳриён аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр табрик намуда, бароятон тансиҳативу хотирҷамъӣ, рӯзгори ободу осуда ва дар кору зиндагии ҳамарӯзаатон комёбиҳо орзу менамоям.
Ин иди умумиҷаҳонӣ на танҳо санаи 1 май дар айёми зебои сол ҷашн гирифта мешавад, балки  ин санаи фархунда  таҷассуми  олитарин арзишҳои инсонист, ки меҳнаткашони  тамоми ҷаҳонро новобаста аз миллату халқият ва наҷод ба дӯстиву рафоқат ҳидоят менамояд. Қиммати ин иди умумибашариро тоҷику тоҷикистонӣ, ки дар гузаштаи начандон дур парокандагиҳои халқу миллатро дида, туфайли иродаи қавӣ ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз ба ҳам омадааст, нащз медонад. Имрӯз тамоми мардуми меҳнатқарини мо шукр аз он мекунанд, ки дар фазои сулҳу амният зиндагӣ доранд.
Самараи нақшаю тадбирҳои андешидаи Раиси вилояти Суғд мӯҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ дар самти корҳои созандагию ободкорӣ ва ваҳдату муттаҳидӣ, меҳнати содиқонаи пиру барно аст, ки шаҳри Хуҷанд дар замони соҳибистиқлолӣ обод гардида, иншоотҳои зиёди таъиноти истеҳсолӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ қомат афрохт ва ба гӯшаи сабзу хуррами диёри ҳамешабаҳорамон табдил ёфт.
Бо умеди комёбиҳои нав ба нав, садоқатмандии мардумон ва ободии рӯзгор бори дигар кулли ҳамдиёронро бо фарорасии ин иди фархунда табрик гуфта, бароятон тансиҳативу бахту иқболи нек ва сулҳу осоиш орзу менамоям.
Иди баҳору меҳнаткашон муборак!

И.в. Раиси шаҳр                                     Шарифзода Ш.Ф.