(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Бозгашти Камол ба ВатанДар толори театри давлатии мусиқии тамошобини ҷавони ба номи Одилҷон Назаров аз тарафи толибилмони МТҒ «Мактаби Рустамов Ю.Д» бахшида ба 695-солагии Камоли Хуҷандӣ намошиномаи адабӣ бо номи «Бозгашти Камол ба Ватан» намоиш дода шуд. Намоишномаро аҳли зиё, сарварони муассисаҳои таълимӣ, омӯзгорону хонандагон тамошо карданд. Ба саҳнагузорандаи намоишнома омӯзгори фанни забон ва адабиёти МТҒ «Мактаби Рустамов Ю.Д» Муяссарахон Ҷӯраева ва оҳангсози он Абдураҳмон Тошматов мебошанд, ки як саҳнаи хеле ҷолибро аз рӯзгор ва зиндагиномаи шоири бузург Шайх Камоли Хуҷандӣ бо ширкати толибилмон ба намоиш гузоштанд. Намоишномаи адабӣ аз тифлии шоир ощоз гардида, сафар ба Каъбатуллоҳ, зиндагӣ дар Табрез ва шаҳри Сарой ва поёни умри Шайх Камолро инъикос менамуд. Зимни иҷрои нақшҳо толибилмон аз эҷодиёти Камоли Хуҷандӣ ғазалиёт қироат намуданд. Нақши Камоли Хуҷандиро хонандаи синфи 11 Султонбой Исомаддинов ба маҳорати баланд иҷро намуд. Суруду оҳангҳои дилнавоз дар иҷрои Азимҷон Салимӣ ва Абдурасул Муъминов хотири иштирокчиёнро болида гардонд.
Баъди анҷоми намоишнома шоири ҷавону навовар Баҳроми Раҳматзод ва устоди ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Низомиддин Муродӣ барои офаридани чунин як намоишномаи адабӣ ба маъмурият, устодон ва толибилмони мактаб арзи сипос намуданд.