(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Дастоварди арзандаи толибилмони шаҳри Хуҷанд.Солҳои охир толибилмони муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд дар олимпиадаҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ фаъолона иштирок варзида, ба дастовардҳои назаррас ноил мегарданд. Пирӯзӣ дар озмунҳои фикрии хонандагон нишони он аст, ки сатҳи таълиму тарбия сол то сол боло меравад. Санаҳои 23-25-уми апрели соли 2016 дар шаҳри Новосибирски Федератсияи Руссия Олимпиадаи кушоди минтақавии «Золотая середина» бо иштироки муҳассилини муассисаҳои таълимии давлатҳои ИДМ баргузор гардид.
Дар ин Олимпиадаи бонуфуз се нафар хонандагони МТУҒ (хусусӣ)-и «Гулчини маърифат» Фазлиддин Шукуров, Хусрав Асимов ва Миҷгона Обидҷонова ширкат варзида, пирӯзӣ ба даст оварданд.
Фазлиддин Шукуров аз фанни биология сазовори мақоми аввал, Хусрав Асимов ва Миҷгона Обидҷонова аз фанни таърих соҳиби ҷойи дуюм гаштанд. Шогирдони ин муассиса таҳти роҳбарии омӯзгори фанни таърих М. Сулаймонова ба чунин дастоварди бузург ноил гардиданд.
Мавриди зикр аст, ки байни МБОУ гимназияи №1 шаҳри Новосибирск ва МТУЩ (хусусӣ)-и «Гулчини маърифат» шартномаи ҳамкорӣ баста шуд ва минбаъд устодону шогирдон ба муассисаҳои таълимии ҳамдигар ташриф оварда, мубодилаи афкор намуда, таҷрибаи пешқадами ҳамдигарро меомӯзанд.