(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Баргузории иҷлосяи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд.

Имрӯз дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати панҷум баргузор гардид. Ба иҷлосияи ҳамчунин роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту муассисаҳои шаҳрӣ, муассисаҳои таълимӣ,  раисони кумитаи маҳаллаҳо, сохторҳои корхонаи воҳиди давлатии коммуналии «Сарраёсати ободонӣ ва хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и шаҳр, намояндагони воситаҳои ахбори умум ширкат доштанд.
Раисикунандаи ҷаласа ба ҳозирон иттилоъ дод, ки аз 40 нафар вакилон 34 нафар иштирок доранд ва тибқи муқаррароти пешбинишуда иҷлосия ба кори худ шурӯъ намуд.
Баъди садо додани суруди миллӣ намояндагони халқ ҳайати котиботро иборат аз се нафар вакил ва рӯзномаи кори иҷлосияро иборат аз 9 масъала тасдиқ намуданд. Аз рӯи масъалаи якуми рўзнома «Оид ба рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2010, №368 «Дар бораи Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020»» сухан ба муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Умедахон Муродӣ дода шуд. 
Зимни баромади худ Умедахон Муродӣ доири иҷроиши барнома ва сатҳусифати амалишавии он дар шаҳр маълумоти муфассал дод. 
«Дар солҳои қаблӣ, мувофиқи индикаторҳо ё худ нишондиҳандаҳои механизми татбиқи Стратегия иҷрои 27 индикатор аз 37 индикатори мавҷуда барои солҳои 2010-2015 ҷиҳати татбиқ аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ ва сохторҳои онро дар соҳаи тандурустӣ пешбининамудаи Стратегияи миллии солимии аҳолӣ дар самти беҳдошту таҳкими саломатии модарон, тифлони навзод, кўдакон ва наврасон, пешгирӣ ва боздошти бемориҳои сироятӣ, пасткардани сарбории бемориҳои ғайрисироятӣ ва музмин, рушди илм ва технологияи информатсионӣ, рушди заминаи молиявии тандурустӣ таъмин гардид. Аз ҷумла, барои татбиқи Стратегия аз буҷаи шаҳр ба соҳаи тандурустӣ дар соли 2010 9 миллиону, 909 ҳазору, 935 сомони иҷроиш 98,1%дар соли 2013 бошад 24млн, 161 ҳазору, 187 сомони иҷроиш 90% дар 2014 соли 30млн, 907 хазор, 315 сомон иҷроиш 90% ва барои соли 2015 32 млн. 883 ҳазору 876 сомонӣ ҷудо шуда бошад, дар соли 2016 36 млн. 916 ҳазору 610 сомонӣ ҷудо карда шуд, ки нисбат ба соли гузашта 4 млн. сомони зиёд мебошад. Соли 2015 барои соҳаи тандурустии шаҳри Хуҷанд ба маблағи 234,9 млн. сомонӣ пешбинӣ шуда, аз он барои муассисаҳои кўмаки аввалияи тиббию санитарӣ 87,7 млн. сомонӣ ё ин ки 37% аз маблағи умумӣ ҷудо гардидааст.”зикр намуд дар баромади хеш муовини Раиси шаҳр.
Баргузории иҷлосяи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд

Иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанд Шариф Шарифзода доири иҷроиши барномаи номбурда аз сардори идораи молияи шаҳр Абдусалом Бобоҷонов, мудири маориф Илҳом Султонов ва мудири бахши ҷавонон варзиш ва сайёҳӣ Бахтиёр Исматҷонов пурсиш ба амал оварда таъқид намуд, ки иҷроиши саривақтии бандҳои ин стратегия ва сифати он аз сохторҳои зикргардида низ вобаста аст.
Ба масъулини соҳаи тандурустӣ ва роҳбарони муассисаҳои тиббии шаҳр супориш дода шуд, ки барои таъмини тамоми ин муассисаҳо ба дастгоҳи муосири ташхиси ултрасадои (УЗИ) дар соли равон ва ҷоннок намудани корҳои маърифатии тарзи ҳаёти салим, бозбинии воҳидҳои кории табибони оилавӣ тадбирҳо андешанд.
Инчунин аз рӯи масъалаи номбурда вакилон Раҳимова Муясар, Ашўрова Зулфия ва Одинаев Алиҷон андешаҳои худро баён намуданд. дода мешавад.
Аз рӯи масъалаи дуюми рўзнома «Ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд «Оид ба масъалаҳои пешгирии хушунат дар оила»» дар назди ҳозирон вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аз ҳавзаи интихоботии Суғдиён, №31 Муинова Матлуба баромад намуд.
Вакилони ҷаласа ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аз ҳавзаи интихоботии Қорираҳмат Қурбонов, №4 Зоидов Зокирро оид ба рафти иҷрои ваколатҳои вакилӣ шунида қарори дахлдор қабул намуданд.
Ба баррасси вакилон Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2016, №660 «Дар бораи аз вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд озод намудани Раҷаббой Аҳмадзода ва дар бораи пеш аз мўҳлат қатъ гардидани ваколати номбурда чун вакил аз ҳавзаи интихоботии Дониш №19, бинобар ба кори дигар гузаштанаш пешниҳод гардид. Маҷлиси вакилон доири ин масъалаҳо қарори дахлдор қабул намуда ҳайати комиссияи интихоботиро барои баргузории интихоботи миёндаврии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд иборат аз 11 нафар тасдиқ намуданд.
Барои баррасии масъалаи ҳаштуми рўзномаи Маҷлиси вакилони халқ оид ба номгузории объектҳои физикию ҷуғрофӣ мудири бахши бойгонии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, котиби комиссияи номгузорӣ ва ивази номи иншоотҳои таърихию ҷуғрофии шаҳри Хуҷанд Ҷўраева Кибриё иттилоъ дод, ки тибқи муроҷиати сокинони яке аз кӯчаи навбунёди маҳаллаи “Чашмаи арзана”, ки то ин вақт номи худро надошт, комиссия ба номи “25 солагии Истиқлолият” гузоштани ин пешниҳод омода намудааст. Вакилон якдилона барои тасдиқи ин пешниҳод овоз доданд.
Дар ин замина вакилон якчанд қарорҳои Раиси шаҳрро низ тасдиқ намуданд.
Доири мавзӯҳои баррасигашта сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд Ваҳобзода Абдусалом Абдуқодир баромад намуд.
Баъди анҷоми кори иҷлосия иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанд Шариф Шарифзода дар назди ҳозирон доири иҷроиши якчанд қарорҳои дахлдори самти ободонӣ ва гулзоркунии маҳаллаҳо, фаъолияти пурсамари кумитаҳои маҳаллаҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод.