(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Мулоқоти Раиси шаҳр бо сокинони маҳаллаи «Масҷиди савр»Раиси шаҳри Хуҷанд Шариф Шарифзода дap муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16- ум бо сокинони маҳаллаи «Масҷиди Сарв» мулоқот орост. Дар он муовинони Раиси шаҳр, намояндагони мақомоти қудратӣ, вакилони Маҷлисҳои вилоятӣ ва шаҳрии ҳамин ҳавза мудирони шуъбаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, сокинони маҳалла, омӯзгорони дабистонҳои №16 ва №3 иштирок карданд.
Раиси шаҳр Шариф Шарифзода ҳадафи вохуриро муҳокимаи Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу Ваздати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шиносоии мардум бо муҳтавои он арзёбӣ намуда, доир ба омодагиҳо ба раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Сарқонуни кишвар ва натиҷаи фаъолияти семоҳаи якуми соли равон дар самти иқтисодиёт ва иҷтимоиёти шаҳр маълумот дод. Ҳамзамон аз таассуроти хеш дар бобати шиносоии худ аз кӯчаю маҳаллаи номбурда ҳамроҳи раиси кумита Муҳаммадҷон Ҳоҷибоев ибрози назар кард. Хурсандиашро аз фаъолияти Маркази таълимию истеҳсолии ҳунарҳои миллии атласу адрас, коргоҳи дуредгарон ва сифати кори гаҳворасозон дар ин маҳалла изҳор дошта, таклиф кард, ки дар паҳлуи сехи бофандагӣ сехи дузандагӣ низ созмон дода шавад, то бештар занони бешуғл бо кори доимӣ таъмин гарданд.
Раиси шаҳр дар самти ободии маҳалла низ сухан ронда, дар боби эҳё гардонидани анъанаҳои хуби хуҷандиён ба мисли ҳар пагоҳ об пошида, ҷорӯб задани атрофи муҳит ва манзили зист, тоза кардани ҷӯйбор барои ҷорӣ шудани оби борон, пас аз корҳои сохтмонӣ ба тартиб овардани назди ҳавлиҳо, ки ҷойи гузари сокинон аст, изҳори назар кард.
Шариф Шарифзода ҳар раиси кӯча, ҳайати кумитаи маҳалларо бобати гулзору сабзпуш кардани макони зисти сокинон, эътибор додан ба таълиму тарбияи фарзанд ва саводнок гардонидани онҳо, ба роҳи рост ҳидоят намудани мардум вазифадор намуд.
Сардори шӯъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Шодӣ Тӯраев доир ба вазъи кунунии сиёсии байналхалқӣ сухан карда, аз гаравидани сокинони кишвар ба ҳар гуна гурӯҳои экстремистиву террористӣ маълумот дод. Дар иртибот ба сухани Шодӣ Тӯраев филми мустанад аз ҳаёти ҷангиёни грӯҳҳои  террористӣ  манзури ҳозирин гардонда шуд. Баъдан, Шодӣ Тӯраев зикр дошт, ки аъзои ду оилаи бошандагони ҳамин маҳалла Ҳасановҳо ва Бойматовҳо дар   давлати Сурия қарор дошта, онҳо ба равияи тундрав ҳамроҳ шудаанд. Албатта, чунин каҷравиҳо аз сустии ирода ва паст будани савияи донишу маърифати ин шаҳрвандон шаҳодат медиҳад.
Сардори шуъба дар хусуси равияи салафӣ, ки ба мазҳаби ҳанафии мо бегона аст, ҳарф зада, ҷомеаро ба зиракиву ҳушёри даъват кард.
Сокинони маҳалла дар навбати хеш аз фурсати муносиб истифода намуда, таклифу пешниҳодоти хешро бобати ба тартиб даровардани ҳаракати наҳлинёт дар мавзеи «Автовокзал», аз ҷониби кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ ба низом овардани хатсайрҳои беруназшаҳрӣ, идома додани асфалтпушкунии кӯчаҳоро ба самъи Шариф Шарифзода расониданд.
Раиси шаҳр андешаҳояшро нисбати таклифу пешниҳодоти сокинон баён намуда, хабар расонд, ки то 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд 100 адад автобус ворид хоҳад шуд. Дар сурати ба ҳаракат даровардани автобусҳо тамбашавии нақлиёт дар истгоҳо кам гашта, фаъолияти муътадили нақлиёти хизматрасон таъмин хоҳад шуд.
Бо дастовардҳои назаррас истиқбол намудани 25-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъолона иштирок кардани сокинон дар раъйпурсии умумихалқӣ, ки санаи 22 май доир мегардад, риояи ҳамарузаи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Танзими анъана ва ҷашну маросимҳо», ободу зебо кардани муҳити зист, иштироки фаъолона дар Озмунҳои «Маҳалли зисти беҳтарин», «Кӯчаи беҳтарин» ва амсоли он мӯҳтавои даъвати Шариф Шарифзода- ро ташкил дод.
Пас аз фарҷоми вохурӣ Раиси шаҳр розу ниёзи 5 нафар сокини маҳалларо шунида, баҳри иҷрояш масъулинро вазифадор намуд. Шаҳрвандон доир ба масъалаҳои ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмонӣ манзили истиҳоматӣ, расондани кӯмак барои пардохти хизматҳои коммуналӣ, таъмири хона, кашидани хатти қубури оби нушокӣ, табобати ройгони тиббӣ хоҳиш намуданд.