(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Лавҳаи ёдгории қурбониёни садамаи Чернобил бунёд гардид.Ҳамасола санаи 26 апрел чун Рӯзи бартарафкунандагони садамаи неругоҳи барқии атомии Чернобил қайд карда мешавад.
Соли равон аз ин ҳодисаи мудҳиши таърихӣ 30 сол сипарӣ мегардад.
Дар Боги фарҳангию фароғатии «Ғалаба»-и маркази вилоят ҳамоиши иштирокдорон ва аъзоёни оилаи бартарафкунандагони садамаи нерӯгоҳи Чернобил ба хотири ифтитоҳи муҷассамаю лавҳаи ёдгорӣ бахшида ба хотираи қурбониёни ин садама баргузор гардид.
Дар ин чорабинии муҳим иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанд Шариф Шарифзода, намояндаи Мақомоти иҷроия ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Тоҷибой Султонӣ ширкат намуданд.
Дар оғоз зери оҳанги оркестри симфонӣ Шариф Шарифзода, Тоҷибой Султонӣ ва сарвари Шӯрои ҷамъияти ҷумҳуриявии маюбони бартарафкунандагони садамаи барқии атомии Чернобил Фаридун Ҳакимов пардаро аз лавҳаи ёдгорӣ бардоштанд. Баъдан зимни баромади хеш дар назди ҳозирон Раиси шаҳри Хуҷанд таъкид намуд, ки сиёсату тавҷҷӯҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  нисбати нафароне, ки барои наҷоти ҳазорҳо одамон ҷону саломатии худро дареғ надоштанд, ҳамешагӣ буда, баҳри беҳдошти вазъи иҷтимоии барқароркунандагон ин садамаи аср, тадбирҳои назаррас андешида мешавад.
Дар ҳамоиш инчунин намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Тоҷибой Султонӣ ва роҳбари Шӯрои ҷамъияти ҷумҳуриявии маюбон ва бартарафкунандагони садамаи барқии атомии Чернобил Фаридун Ҳакимов суханронӣ намуданд.
Фармоишгари бунёди муҷассамаи  ёдгорӣ Идораи сохтмони асосии шаҳр буда, иҷрокунандаи он Ширкати сохтмонии «Эҷозкор» аст. Хароҷоти умумии бунёди ин муҷассама бештар аз 200 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки он аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд маблағгузорӣ шудааст.
Муаллифии лоиҳаи муҷассамаи ёдгорӣ ба Маҳбуба Ҷабборова, лоиҳакаши намояндагии ҶСШК «Пажӯҳишгоҳи илмӣ ва лоиҳакашию ҷустуҷӯи САНИИОСП» дар шаҳри Хуҷанд таалуқ дорад.
Лозим ба ёдоварист, ки барои бартараф намудани паёмадҳои садамаи неругоҳи атомии барқии Чернобил наздик 600 ҳазор нафар сокинони кишварҳои Иттиҳоди Шӯравӣ сафарбар гашта буданд.
Аз он ҷумла 120 нафар сокинони шаҳри Хуҷанд низ барои корҳои бартараф намудани ин садама ширкат доштанд.