(3 овоз, миёна 3.67 аз 5)

Масъулиятшиносӣ –тақозои ҳамешагӣДар маҷлиси назди Раиси шаҳр муовинони раиси шаҳр, мудирони шуъба ва бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, сарварони корхонаву муассисаҳои тобеъ, раисони кумитаҳои маҳаллаҳо, сарварони бозорҳои шаҳр ширкат доштанд.
Шарифзода Шариф Файз бо шунидани ҳисоботи сардухтури Маркази назорати стансияи санитарӣ-эпидемиологии шаҳр Абдуллозода Абдумавлон Абдумаҷид  ва сардори Раёсати Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ ва шуғли аҳолии шаҳр Гулчеҳра Калонова, ба масъалаи саввуми маҷлис – вазифагузорӣ гузашт.
Соли 2016 баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Маҳалла, деҳа ва шаҳраки беҳтарин» эълон гардидааст. Шаҳре, ки бо баргузории тадбири идонаи «Корвони наврӯзӣ» ва фестивали «Сайри гули лола» дар қаламрави ҷумҳурӣ ва берун аз он шуҳрати зиёд пайдо кард, дар озмуни номбурда низ  пешсафиро аз даст намедиҳад.-афзуд Шарифзода Шариф, - аз ин рӯ, дар шаҳр ҳоло моҳонаи гулшинонӣ эълон шуд ва дар ин маъракаи муҳим кулли шаҳрвандон, сокинони маҳаллаҳо, кормандони муассисаҳои давлативу хусусӣ бо баргузории ҳашарҳову шанбегиҳо фаъолона ширкат мекунанд ва 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷики стонро сазовор истиқбол мегиранд. Дар иртибот ба ин масъала Раиси шаҳр Т.Мамадҷонзода, Д.Шокиров, И.Бобоев ва А.Абдуҷалиловро муваззаф намуд, ки дар ин маъраки ҳамдастӣ нишон диҳанд.
Сардори кумитаи замин Абдухалил Ёрматовро вазифадор намуд, ки сохтмонҳои ғайриқонунӣ бунёдёфтаистода дар муддати муайяншуда ба ҳолати аввала баргардонда шаванд.
ҳолати истгоҳҳои нақлиёти мусофиркаш ба талабот ҷавобгӯ бояд шавад. Дар ҳудуди Ҷумъабозор оё чароғаки раҳнамо –светофор лозим аст ё не?-пурсон шуд Раис аз масъули шуъбаи алоқа ва нақлиёти шаҳр. Масъалаи гузошташуда оҷилан омӯхта шуда, тадбир андешида шавад,-супориш дод Шариф Шарифзода. 
Бо ҷавонон ва наврасон бештар кор бояд бурд,-афзуд Раиси шаҳр.- Мудири шуъбаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳр Бахтиёр Исматҷоновро вазифадор кард, ки нақша-чорабинӣ доир ба баргузории Ҳамоиш –роҳпаймоии ҷавонон бо шиори «Ҷавонони Хуҷандшаҳр зидди экстремизму ифротгароӣ!» омода созад. Дар доираи ҳафтаи омодагиҳо ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон (23-май) баргузории ин тадбири сиёсиву фарҳангӣ айни муддао хоҳад буд.
Муовини мудири шуъбаи маориф А.Аслоновро вазифадор кард, ки рӯихати мактаббачагони оилаҳои камбизоат, ятимони куллро ба мақомот пешниҳод намояд, то онҳо аз таваҷҷӯҳ дар канор намонанд.
Бо талаби интизоми меҳнат, иҷрои сидқидилонаи вазифаҳои бадӯшдоштаи масъулин,  бе ҷавоь намондани муроҷиати шаҳрвандон и.в.Раиси шаҳр Шарифзода Шариф Файз ба кори маҷлис хотима бахшид.