(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Мулоқоти Раиси навтаъини шаҳр бо сокинонИҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанд Шариф Шарифзода нахустмулоқоти худро бо сокинони шаҳр аз кумитаи маҳаллаи «Чорчироқ» оғоз намуд. Тавре ба мо раиси кумитаи маҳалла Абдусмеъ Нурматов гуфт, имрўз дар ин маҳалла 8312 нфар дар 1121 ҳавлӣ истиқомат мекунанд. Сокинонаш бо фарзандони барўмандаш Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд Яҳё  Азимов (собиқ Сарвазири ҷумҳурӣ) , Раҳим Расулов (собиқ директори заводи шир), собиқадори корҳои дохилӣ, полковники мустаъфӣ Қумрӣ Сангинова, собиқадори матбуоти тоҷик, барандаи Ҷоизаи НКХХ СССР, суратгири зиндаёд Шарифҷон Муҳаммадҷонов, собиқадори соҳаи саноати сабук Махсудҷон Дадоҷонови раҳматӣ, ки солҳо раиси кумитаи маҳаллаи «Чорчироқ» буд ва дигарон ифтихор доранд.
Аслан пайдоиши ин маҳалла ба ибтидои солҳои 50-уми қарни гузашта рост меояд. Баъди баланд шудани сатҳи оби дарёи Сир қисми муайяни маҳаллаи қадимаи Хуҷанд-Раззоқ зери об мемонад ва бо қарори ҳукумати маҳаллӣ аз ҳисоби заминҳои колхози ба номи Фрунзеи ноҳияи Хуҷанд барои кўчонидани сокинони ҳавлиҳояшон зери об мондаи Раззоқ замин ҷудо карда мешавад. Онро имрўз байни халқ насли калонсол «Раззоқи нав» ҳам меноманд.
То солҳои наздик ин минтақаро бинобар қади кўчаҳо пур аз дарахтони себ будан расман «Себзор» меномиданд. Аммо, ибтидои солҳои 70-уми қарни гузашта роҳбарони вақти шаҳр бо баҳонаи он, ки «гўё себҳои пухта ба кўчаҳо рехта ифлос мекунад», себҳоро решакан мекунанд ва ба ҷояш дарахти тут мешинонанд. Раиси навтаъини шаҳр дар мулоқоти худ бо сокинони ин маҳал, ки дар толори маҷлисгоҳи МТМУ №20 баргузор гардид, барҳақ таъкид кард, ки «имрўз ин маҳал байни мардум бо номи Себзор маъруф бошад ҳам, амми Себзори ба себ зор аст».
Мо ният кардем, ки дар доираи таҷлили 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ номи аслии ин маҳал «Себзор»-ро расман эҳё созем, гуфт Шариф Шарифзода.

Дар мулоқот, ки бо сухани ифтитоҳии и.в.Раиси шаҳр оғоз шуд, ба ҷузъ роҳбарияти шаҳр, сардорони тамоми сохторҳо аз ҷумла, қудративу тартиботӣ иштирок доштанд. Баъди маърўзаи Шариф Шарифзода оид ба вазъияти иҷтимоиву иқтисодии шаҳр ва таассуротҳои аввалин аз шаҳр ба ҳайси раиси шаҳр прокурори шаҳр Арабшоҳ Солизода дар бораи вазъи риояи қонунҳои амалкунанда дар қаламрави шаҳр, хусусан дар мавзўъи гаравида шудани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои характери экстремистӣ дошта, ба таври муфассал истода гузашт.
Ҳар нафари ба қадри ин ҳама тинҷиву амонӣ ва осоиштагӣ намерасида, ки бо кўшишу талошҳои пайгиронаи Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаасту ба роҳи хато меравад, вай бешак хоини Вата наст,- гуфт прокурори шаҳр, мо бисёр афсўс мехўрем, ки дар се моҳи соли равон аз 11 парвандаи ҷиноие, ки нисбати 18 нафар бошандагони шаҳр оғоз карда шудааст, марбут ба экстремизм мебошад, ки вайронкнандагони қонун фарзандони мову шумоанд. Гуноҳи мо волидон аст, ки аз онҳо дар ғафлат мондем ва онҳо дар зиндагӣ ба роҳи хато рафтанд.
Бино ба гуфти Арабшоҳ Солизода то дирўз аз маркази вилоят 55 нафар ҷавонони шаҳр дар муассисаҳои олии исломии давлатҳои хориҷа таҳсил мекарданд, ки 50 нафари онҳо баргардонида шуда бошанд ҳам, аммо 5 нафаршон муяссар нашудааст.
Баромади сардори кумитаи амнияти миллии шаҳр Шодиҷон Тўраев боз ҳам муассир буд. Вай аз иштироки 26 нафари хуҷандиён дар ҷангҳои Сурия изҳори нигаронӣ карда чунин гуфт:
14 марду 4 зан ва 4 ноболиғ имрўз дар Сурия қарор доранд, ки нисбати баргардонидани онҳо чораҷӣ карда мешавад.
Дар идомаи суханронии худ Ш.Тўраев ба таблиғоти ақидаҳои бегона зуд фирефта шудани иддае з сокинон ва низоъ андохтани «ғамхорон»-и хориҷа бо таассуф гуфт, ки бо талқини роҳу усулҳои бегонаи тоату ибодат имрўзҳо дар масҷидҳо байни мардум низоъ ангехта истодаанд, ки ба ин зуҳурти номатлуб ҷомеа набояд бетараф бошад. Вай барои мисол сокинон Мирзоғуфрон Сайфуллоев ва Мансурҷон Зоҳировро овард, ки онҳо ба гурўҳҳои салафӣ гаравида шуда, байни мардм ақидаҳои экстремистии ин равияро талқин кардаанд.  Сабаби ин зуҳуроти нанговарро ҳамоно дар бепарвоии волидайн ва суст будани корҳои таълиму тарбия дар мактабҳо донист.
Дар идомаи суханронии Ш.Тўраев фикру ақидаҳо дар бораи таассуби кўр-кўрона ба либоспўшии бегона байни занону духтарон баён шуданд.
Бо истифода аз фурсат чанде аз сокинон нисбати боз ҳам беҳтар намудани шаҳрдорӣ чанд таклифу пешниҳодҳо карданд. Аз ҷумла, сокини маҳалла Абдувоҳид Раҳимов дар бораи несту нобуд сохтани сагони дайду дар оромгоҳи «Найсувор», Мухторҷон Камолов дар бораи манъ намудани фурўши сабзавот дар Регистони Панҷшанбе ва пароканда кардани атрофи Кохи ёдгории шаҳидон Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз занони сабукпой, ки он ҷойро ба нуқтаи танфурўшӣ табдил додаанд, пешниҳодҳо карданд.
Раиси шаҳр Шариф Шарифзода нисбати таклифу пешниҳодҳои шуда фикр андешаҳои худро баён кард ва масъулони сохторҳои дахлдорро вазифдор сохт то ки баҳри ислоҳи камбудиҳо чораҷўӣ намоянд. Мулоқоти Раиси шаҳр бо қабули сокинон ба анҷом расид. 9 нафар бошандагони кумитаи маҳаллаи «Чорчироқ» бо арзу дархости хеш ба Раиси шаҳр муроҷиат карданд.
Мирзоаъзам Мақсудов,
аъзои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон