(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Дуои неки шахсони барӯманд ба Шариф Шарифзода.

Иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанд Шариф Шарифзода бо мақсади хабаргирӣ аз ҳолу зиндагӣ меҳмони хонадони чанде аз шахсони барӯманд, собиқадорони меҳнат ва Шаҳрвандони фахрии шаҳри Хуҷанд шуд.
Шариф Шарифзода нахуст меҳмони собиқадори меҳнат, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Ҳамроҳ Тоҳирова гардид. Ҳамроҳ Тоҳирова Раиси шаҳри Хуҷандро бо самимият  ва меҳрубонӣ пазироӣ намуда, баҳри фаъолияти  пурсамар дар ин вазифаи  пурмасъулият дуои нек намуд.
Шариф Шарифзода барои таманниёти нек ба ин шахси барӯманди диёр изҳори сипосмандӣ намуд.
«Собиқаи корӣва зиндагиномаи Шумо чун шахси меҳнатдӯсту фаъоли ҷамъиятӣ, собиқадори ҳизбӣ барои мою имрӯзиён дарси зиндагист. Мо ҳамеша барои ҷавонону наврасон талқин менамоем, ки зиндагиномаи Шуморо омӯхта бошанд.» Дуои неки шахсони барӯманд ба Шариф Шарифзода.

Ҳамчунин иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанд ва ҳамроҳони ӯ ба аёдати Шаҳрвандони фахрии шаҳри Хуҷанд Биҳоҷал Раҳимова, Баҳриддин Ахмедов, Усмонҷон Ғаффоров ва Атахон Сайфуллоев шуданд.
Олимони шинохта Атахон Сайфуллоев ва Усмонҷон Ғаффоров бобати нақши зиёиёни кишвар дар тарғиби арзишҳои маънавӣ ва фарҳангу маърифати изҳори назар намуда, ташаббуси Шариф  Шарифзодаро доири мулоқоти ӯ бо аҳли илму фарҳанг ва олимони шаҳр бо хушнудӣ қабул намуданд. Аз ҷониби онҳо ба Раиси шаҳри Хуҷанд намунаҳо аз маҳсули эҷодиёташон,- чанд китоб тӯҳфа гардид.
Зимни сӯҳбат ин нафарони барӯманди диёр  барои  эътибору таваҷҷӯҳ ва эҳтироми пайваста ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ихлосу сипосгузории худро баён намуданд.
Ба ҳамаи аёдатшудагон тӯҳфаи хотиравӣ тақдим карда шуд.