(4 овоз, миёна 3.00 аз 5)

Раиси нави шаҳри Хуҷанд муаррифӣ гардид.Субҳи имрӯз, панҷшанбеи 31 март дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо баргузории як ҷаласа бо иштироки фаъолон и.в раиси нави шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз муаррифӣ шуд.
Санаи  30 март бо Фармонҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифааш озод гардида, ба ҷои ӯ Шарифзода Шариф Файз и.в раиси шаҳри Хуҷанд таъин гардид.
Дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо иштироки Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ҷаласа баргузор гардид. Зимни муаррифӣ Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ барои фаъолияти пурсамар ба ҳамакнун собиқ шаҳрдори Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода изҳори сипос намуда, ба Шарифзода Шариф Файз дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ барору комёбиҳо таманно намуд. Дар сӯҳбат бо фаъолон ва роҳбарияти шаҳр Раиси вилоят барои вусъати корҳои бунёдкорӣ, омодагиҳо ба истиқболи 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои нақшаи андоз, беҳтар намудани сифати оби нӯшокӣ ва дигар масоили мубрам дастуру супоришҳо дод.
Зимнан, Шарифзода Шариф Файз зодаи шаҳри Хуҷанд буда, 29 - апрели соли 1960 таваллуд шудааст. Соли 1977 ба Институти политехникии Тоҷикистон, факултаи сохтмони саноатӣ ва гражданӣ дохил шуда, соли 1982 онро бо ихтисоси муҳандис- сохтмончӣ хатм намудааст. Мавсуф дар вазифаҳои гуногун, аз ҷумла ҷонишини раиси шаҳри Хуҷанд(солҳои 1997-1999), раиси шаҳри Роғун (аз соли 2012 то 2016) фаъолият бурдааст.