(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Раиси шаҳри Хуҷанд ҷаласаи корӣ доир намуд.

Имрӯз таҳти раёсати Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ҷаласаи васеи корӣ бо иштироки муовинони Раиси шаҳр, Роҳбари дастгоҳ, роҳбарони воҳидҳои сохтории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, сохторҳои қудратӣ, раисони кумитаи аҳаллаҳо, сарварони Шӯрои занони маҳаллаҳо, ташкилотҳои динӣ ва дигар фаъолон баргузор гардид.
Раиси шаҳри Хуҷанд бобати дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафари кории худ ба вилояти Суғд дар назди масъулин ва сохторҳои дахлдори шаҳр вазифагузорӣ намуд. Дар ин замина таъкид гардид, ки дар самти пешгирӣ намудан ва андешидани чораҳои қатъӣ нисбати омилҳои номатлуби экстремизму терроризм, гаравидани ҷавонон ба гурӯҳхои ифротии зиддидавлатӣ, паст намуди сатҳи ҷинояткорӣ байни ноболиғон, назорати қатъии қишри осебпазири ҷомеъа ва тақвияти корҳои маърифатию иттилоотӣ, аз байн бурдани бетарафии ҳар як шаҳрванд, таҳияи барномаю нақшаи корӣ дар ҳамкорӣ бо сохторҳои низомӣ аҳамияти аввалиндараҷа ва муҳим дорад.
Дар шароити кунунӣ зарурати ҳамоҳангсозии адои фарзияҳои динӣ аз қабили адои Ҳаҷҷи Умра, такмили ихтисос ва савияи дониши имомон  ва имом-хатибони масҷидҳои ҷомеъ ба миён омада бояд роҳбарони ташкилотҳои динӣ низ дар назди қонунҳои амалкунанда ҷавобгарии бештарро эҳсос намоянд.
Супориш дода шуд, ки ҳангоми ошкор гаштани шахсони ба амалҳои террористӣ, ифротгароӣ ва дигар ҷиноятҳои нооромкунандаи суботи ҷомеа ходимони дин, масъулини мақомоти давлатӣ, раисони кумитаҳои маҳаллаҳо, шӯрои занон ва нозирони минтақавӣ дар назди қонун ҷавобгар хоҳанд шуд.
Зимни суханронии худ Раҷаббой Аҳмадзода ёдовар шуд, ки соли равон бахшида ба 25 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар аз 100 иншооти мухталиф ба истифода дода мешавад. Аз он ҷумла 20 корхонаҳои истеҳсолӣ бо ҷойҳои нави корӣ таъсис дода мешавад, ки то имрӯз 6 адади он ба фаъолият шурӯъ намудааст. Ҳоло дар маркази вилоят баробари сохтмони бештар аз 30  биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ аз ҷониби соҳибкорон, инчунин  аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ барои бунёди боз ду боғчаи бачагона,  чойхонаи замонавӣ 2 бинои баландошёнаи истиқоматӣ барои кормандони ниҳодҳои давлатӣ корҳо вусъат мегиранд. Соли равон тибқи нақшаи мақомоти маҳаллӣ таъмири боз 70  км роҳ ва кӯчаю гузарҳои шаҳрии Хуҷанд пешбинӣ гаштааст, ки барои боз ҳам ободтар гаштани кӯчаҳои шаҳр мусоидат хоҳад кард.
Ба сарпарасти соҳа супориш дода шуд,ки барномаю намоишҳои телевизионҳои маҳаллӣ ва мӯҳтавои он бояд ҷавобгӯи меъёрҳои ахлокӣ ва тарғибгари арзишу дастовардҳои миллӣ бошад.
«Таъсиси ҷойҳои нави корӣ баланд бардоштани ҳаҷми истеҳсоли  маҳсулот, ба истифода додани боғчаю муассисаҳои таълимӣ ва фароғатию варзишӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъоляти ҳамарӯзаи мо буда, беш аз ҳама дар ободии диёр саҳм гузошта, сарзамини худро бо меҳнати софдилона ва масъулияти баланд шукуфон намоем»,- зикр намуд Раҷаббой Аҳмадзода.
Ҳоло  ба мақсади иҷроиши ин дурнамо, сохтмони толори варзишӣ ва китобхона дар мактаби таҳсилоти умумии № 30, бунёди 22 майдончаи варзишӣ идома ёфта, дар рӯзҳои таҷлили 25 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор дода хоҳад шуд.
Роҳбарияти идораи кабудизоркунӣ дар навбати худ супориш гирифт, ки сохтани гармхонаро бо шакли нав ба масоҳати 2 га пешбинӣ намуда, то интиҳои сол он барои парвариши гулу ниҳолҳои мавсимӣ бояд омода бошад.