(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Фаъолияти Марказ густариш меёбадМуассисаи давлатии «Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо» бо мақсади фаъол гардонидани намудҳои гуногуни маҳфилҳо, ҷалби хонандагон ва омӯзиши фанҳои таълимӣ ҷадвали махсусро аз 1 апрели соли 2015 то моҳи марти соли 2016 ба тавсиб расонида, ба муассисаҳои таълими шаҳр ирсол намуд. Мутобиқи ҷадвали мазкур тӯли соли таҳсили 2015 – 2016 дар тамоми муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд ҳамагӣ 495 маҳфил аз рӯи 11 номгӯи фанҳо бояд гузаронида шавад. Аз моҳи апрели соли 2014 то ин ҷониб аз тарафи муассисаҳои таълимӣ тибқи ҷадвали махсус маҳфилҳо аз рӯи 11 номгӯи фанҳои таълимӣ баргузор гардиданд.
Дар муассисаи таълимии Гимназияи №1 ба номи М.Беҳбудии шаҳри Хуҷанд маҳфили ҳозирҷавобон (дебаторон) гузаронида шуд. Хонандагони синфи 9 ба ду гурӯҳ ҷудо шуданд. Гурӯҳи 1 бо номи «Антивирус» ва гурӯҳи 2 бо номи «Вирус» баромад карда, бо ҳамдигар қувваозмоӣ намуданд. Озмун бо тариқи усули фаъоли таълим гузаронида шуд. Синф-дастаҳо бо эмблемаҳо ва гуфторҳо дар бораи Пешвои миллат ва 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад карданд. Дар ин мусобиқа дастаи «Антивирус» ғолиб дониста шуда, бо ифтихорномаи маъмурияти муассиса сарфароз гардонида шуд.
Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 ба номи Зайниддин Осимов чорабинии беруназсинфӣ бо номи «Анҷумани геометрӣ» барои баланд бардоштани шавқу ҳаваси хонандагон бо омӯзиши фанни геометрия, дарёфти ҷавонони лаёқатманду боистеъдод, истифодаи комёбиҳои техникаи муосир, ташвиқи хонандагон дар интихоби касб бо хонандагони синфи 10 гузаронида шуд.
Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3 маҳфили “Техникони наврас” баргузор гардид, ки дар он хонандагони синфҳои 8 иштирок намуданд.
Ҳамчунин дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6 маҳфил дар мавзӯи “Табиат-шоҳасари нодир” бо иштироки директори муассиса, омӯзгорон ва хонандагони синфҳои 9-11 ва дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8 маҳфили “Таърихчиёни ҷавон” бо иштироки хонандагони синфҳои 8-9 аз рӯи шартҳои зерин гузаронида шуд.
Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17 маҳфили “Муаррихони ҷавон” баргузор гардид, ки дар он хонандагони синфҳои 6 ва 7 иштирок намуда, аз рӯи  шартҳои гуногун маҳорати худро нишон доданд.
Хонандагон маҳорати худро нишон дода, ҷаҳонбинии худро васеъ намуданд.
Ҳамчунин дар муассисаи таҳсилоти умумии №18 дар байни хонандагони синфҳои 5-7 озмун-викторина гузаронида шуд. Дастаҳо “Офтоби дурахшон” ва “Сулҳ дар ҷаҳон” номгузорӣ карда шуданд. Ҳар ду дастаҳо худро муаррифӣ намуда, байни ҳам саволу ҷавоб намуданд. Дастаҳо бо ифтихорномаҳои маъмурияти  муассиса сарфароз гардонида шуданд.
Дар муассисаи таҳсилоти умумии миёнаи №11 маҳфили илмӣ бо хонандагони синфҳои 9-11 аз фанни математика доир ба мавзӯи “Муодилаҳои квадратӣ” гузаронида шуд. Байни хонандагон саволу ҷавоб оид ба ин мавзӯъ гузаронида шуд. Хонандагон аз тахтаи синфӣ истифода бурда, муодилаҳои квадратие, ки супорида шуда буд, иҷро намуданд.
Ҳамчунин дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умиумии №19 маҳфил аз фанни технологияи иттилоотӣ баргузор гардид. Дар он хонандагони синфҳои 9-11 дар мавзӯи “Протсессорҳои матни “Microsoft Word” машғулият гузарониданд. Хонандагон дар рафти маҳфил тавассути компютерҳо бо истифодаи Интернет оид ба мавзӯи додашуда дониши худро сайқал дода, онро дар амалия нишон доданд.
Баргузории ин маҳфил аз тарафи роҳбари маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди муассиса ва маъмурият назорат карда шуда, беҳтаринҳо интихоб карда шуданд.
Ҳамчунин дар муассисаҳои таълимии Гимназияи №1, №2, №3, №5, №6, №7, №8, №9, № 11, Гим.№13, №15, №16, №17, №18, №19, №21, №28, М/Х. “Гулчини маърифат” маҳфилҳо аз рӯи ҷадвал гузаронида шуда истодаанд.