(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Наврӯзи «Дӯстии халқҳо» бо зиёиёнТаҷлили Наврӯзи Аҷам дар маҳаллаҳои шаҳр идома дорад. Имрӯз шодмонии сокинони маҳаллаи «Дӯстии халқҳо»-ро ҳадду канор набуд.
Зеро дар рӯзҳои таҷлили Наврӯзи оламафрӯз бошандагони биноҳои баландошёнаи № 38-39 соҳиби майдончаи варзишӣ гардиданд.
Қобили кайд аст, ки дар маросими чорабинии наврӯзӣ ва расми ифтитоҳи майдончаи варзишии навбунёд Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ва ҳайати меҳмонон иштирокдорони ҳамоиши адабии ҳавзаи Наврӯз, ки дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе доир гашта буд, ширкат намуданд.
Бештар аз 500 нафар сокинони маҳалла меҳмононро гарму самимӣ истиқбол намуда, бо ҳунару истеъдод, риояи суннатҳои наврӯзӣ, хони идона ошно намуданд. Ҳамчунин бо қувваи бошандагони маҳаллаи номбурда дар растаи наврӯзӣ намунаи маросимҳои наврӯзӣ ва суннатҳои мардуми минтақаҳои кишвар намоиш дода шуд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода қабл аз ҳама меҳмонон олим ва муҳаққиқ аз Ҷумҳурии Исломии Покистон Орифи Навшоҳӣ, профессори Донишгоҳи Давлатии Самарқанд Аслиддин Қамарзода, мудири хазинаи дастхатҳои Иниститути шарқшиносии шаҳри Тошканд Шоҳниёз Мӯсоев, ҳамчунин Шоири халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким, Аҳмадҷон Раҳматзод, Муҳаммад Субҳонро ба ин базмгоҳи наврӯзӣ хайрамақдам гуфт.
Зимни суханронии худ Раиси шаҳри Хуҷанд қайд намуд, ки маҳз бо шарофати ғамхориҳои пайваста ва сиёсати дурандешонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон арзишҳои маънавию модди мардуми кӯҳанбунёди мо ба ҷаҳониён муаррифӣ гашта, аҳли илму адаби ҷаҳон ба хусус ҳавзаи илмию адабии наврӯзӣ, ин мероси фарҳангии аҷдодии моро қобили арзиши ҷаҳонӣ донистанд».
Меҳмонон низ дар навбати худ мардуми Хуҷанди бостониро бо фарорасии Иди Наврӯз табрик намуда, хоҳони ободию сарсабзии диёри тоҷикон шуданд.