(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Иди Наврӯз ва хатнатӯйи дар Шабакаи барқи шаҳри ХуҷандИмрӯз дар Идораи шабакаҳои барқи шаҳри Хуҷанд чорабинии ботантанаи наврӯзӣ ва хатнатӯйии 6 нафар кӯдак аз оилаҳои ниёзманд баргузор гардид.
Дар саҳни коргоҳ, ки идона оро ёфта, шукӯҳи наврӯзиро дошт, кормандону пайвандони кӯдакон ҷамъ омада, суруру шодмонӣ доштанд.
Дар оғози ин маросими суннатӣ Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода кули кормандони Шабакаҳои барқии шаҳр ва пайвандони кӯдакони тӯйдоштаро бо фарорасии Наврӯзи Аҷам табрик намуд.
«Иқдомҳои нек ва дастуру супоришҳои ғамхоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доири дастгирии шахсони ниёзманд дар рӯзҳои иду маросимҳои мардумӣ дар шаҳри Хуҷанд дастгирии ҳамаҷониба дорад. Маҳз яке аз ойини наврӯзӣ ин ғамхорию дастгирии нафарони эҳтиёҷманд ва кушодани дастурхони хайру саховат аст,ки имрӯз мо шоҳиди он ҳастем» қайд намуд дар баромади худ Раиси шаҳри Хуҷанд.
Раҷаббой Аҳмадзода ва сардори идораи Шабакаҳои барқи шаҳр Рустам Пӯлотов ба 6 нафар кӯдакон тӯҳфаҳои пулӣ ва хотиравиро супориданд.