(2 овоз, миёна 1.50 аз 5)

Таҷлили бошукӯҳи Наврӯз дар Хуҷанд

Имрӯз дар маркази вилоят сокинону меҳмонони шаҳри Хуҷанди бостонӣ қадами мубору файзбор, хуҷастапаю фараҳмандии Наврӯзро бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил намуданд.
Аз субҳи барвақт таҷаммӯи сокинон оҳангу суруди дилнишон, руҳияи болидаи иштирокдорони ин иди суннатӣ дар саҳни театри мазҳака мусиқии ба номи К. Хуҷандӣ файзи идҷойро афзун намуда буд. Дар саргаҳи ид зери садои карнаю дойира Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Ахмадзода меҳмонони Наврӯзи Хуҷандро бо нону намак, суманак ва таомҳои миллӣ гарм истиқбол намуд.
Шаҳрдори Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ҳайати бонуфузи бародаршаҳри Хуҷанд, шаҳри Могилев бо роҳбарии муовини аввали раиси Кумитаи иҷроияи шаҳри Могилев Александр Потемкин, Сардори Палатаи саноат ва савдои Федератсия Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Михаил Короблин, роҳбари Палатаи савдо ва саноати шаҳри Уралск Сергей Стругов ва дигар меҳмонон аз кишварҳои муштаракулманоферо ба Иди Наврӯзи Хуҷанд хайрамақдам гуфт. Таҷлили бошукӯҳи Наврӯз дар ХуҷандҲайати меҳмонон бо роҳбаладии Раҷаббой Аҳмадзода аз хаймаю, гӯшаҳои идонаи корхонаю ширкатҳои истеҳсолии маркази вилоят, маҳаллаҳо, муассисаҳои томактабӣ, таълимии миёна, миёнаи махсус ва олӣ ва фарҳангӣ тамошо намуданд.
Меҳмонон имкон доштанд дар баробари тамошои маросиму либоси миллии тоҷикон, аз таомҳои хони наврӯзӣ чашида бинанд.
Баъдан дар назди ҳозирон Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода баромад намуда, тамоми мардуми шаҳр ва меҳмонони ин иди сайидро табрик намуд.
Табрикоти Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодириро сардори Раёсати сабту асноди ҳолатҳои шаҳрвандии вилоят Муқаддама Ҳошимзода ба самъи ҳозирон расонд. 
Бо истифода аз фурсат муовини аввали раиси Кумитаи иҷроияи шаҳри Могилев Александр Потемкин ҳозирон ва мардуми шаҳрро бо фарорасии Иди Наврӯз табрик намуд. Номбурда қайд намуд, ки баъди ба имзо расидани созишномаи  байнидавлатӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Белорус Александр Лукашенко ва оғози ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи шаҳрҳои Хуҷанд ва Могилев ҳамагӣ ду сол шуда бошад ҳам, лекин он ҳамасола вусъат мегирад. Мисоли равшани он кушода шудани чойхонаи миллӣ дар шаҳри Могилев ва фаъолияти ширкатҳои ин ду шаҳри саноатӣ аст.
Ҳамчунин Сардори Палатаи саноат ва савдои Федератсия Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Михаил Короблин, роҳбари Палатаи савдо ва саноати шаҳри Уралск Сергей Стругов ардуми диёрро бо Иди Наврӯз табрик намуданд.
Дар қисмати дуюми чорабинӣ барномаи ҷолиби наврӯзӣ бо иштироки устодони санъат, ҳунармандон ва истеъдодҳои ҷавони шаҳр барномаи адабӣ-фарҳангӣ ва компазитсияи маърифатӣ ҳунарӣ пешкаш гардид.