(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Таҷлили Иди Наврӯз бо тӯҳфаи сазоворСокинони бинои истиқоматии №8, микроноҳияи 18, маҳаллаи «Мевағул» Иди Наврӯзро бо тӯҳфаи сазовор барои кӯдакону фарзандони худ пешвоз гирифтанд.
Сокинони ин бинои баландошёна дар пайравии ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бобати бунёди майдончаҳои варзишӣ дар маҳалла ва байни биноҳои баландошёна майдончаи варзишӣ ва ҷойи чорабинию фароғатиро бунёд намуданд.
Ба муносибати мавриди истифода қарор гирифтани ин майдончаи варзишӣ ва таҷлили Иди Наврӯз Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода дар ин чорабинии сокинон ширкат намуд.
Майдончаи варзишии хуштарҳу замонавӣ бо имкони баргузории мусобиқаҳои варзишии баскетбол, валейбол, футбол ва тамрини бадан, ҳамчунин кату айвон барои истироҳату чорабинии оммавӣ тариқи ҳашар сохта шуда, корҳои сохтмонии ду моҳ идома ёфт.
Зимни баромади худ Раҷаббой Аҳмадзода барои ташаббус ва саҳми арзандаашон дар сохтмони майдончаи варзишӣ ва таъмиру обод намудани бинои истиқоматиашон изҳори сипосмандӣ намуд.
Дар суханронии худ Раиси шаҳр ҳозирон ва кули сокинони маҳаллаи «Мевағул»-ро бо иди баҳорӣ табрик намуда, аз ҷумла қайд намуд: «Ман боварӣ дорам, ки ин амали Шумо дар партавии дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати ободу зебо гардондани манзил, маҳалла ва шаҳри худ қобили таҳсин аст. Ба хусус дар арафаи Наврӯзи хуҷастапай ин иқдоми Шумо тӯҳфаи сазоворест барои кулли сокинону фарзандони ин маҳалла»
Чуноне, ки аз кумитаи маҳаллаи номбурда иттилоъ доданд, дар бинои истиқоматии №8 бештар аз 500 нафар иқомат дошта, маблағи умумии сохтмони ин майдончаи варзишӣ бештар аз 30 ҳазор сомониро ташкил дод.