(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Шаҳомати Наврӯз ва шодии кӯдаконТаҷлили бошукӯҳи ҷашни фархундаи Наврӯзи байналмилал дар ҳамаи муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд идома дорад. Аҳли маориф бо шодию фараҳ ҷашни сарсабзии табиат ва шукуфоию зебоиро таҷлил намуда, барои баланд бардоштани сатҳи сифати таълиму тарбия софдилона заҳмат мекашанд. Чорабиниҳои идонаи наврӯзӣ дар муассисаҳои томактабии шаҳр бо оростани дастархони наврӯзӣ, намоиши ҳунарҳои наққошию сӯзанидӯзӣ ва барномаҳои ҷолиби фарҳангию фароғатӣ баргузор гашта истодаанд.
Дар ширхоргоҳ-кӯдакистони №25 таҳти унвони «Чашмони гулҳо боз шуд, эй дӯстон Наврӯз шуд» композитсияи адабӣ-мусиқӣ баргузор гардид, ки дар он кӯдакистонҳои №20, 24, 26, 33, 27, 15, 40 иштирок намуданд. Тарбиятгирандагони ин муассисаҳои томактабӣ бо сурудҳои дилнишин, рақсҳои мавзун, намоиши ҳунарҳои сӯзанидӯзӣ ва наққошӣ хотири иштирокчиёнро болида гардонданд. Чорабиниҳои наврӯзӣ дар дигар муассисаҳои томактабии шаҳр низ баргузор гаштанд.